Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

аз ҷумла "Ҷаноби 420", "Бобби", "Сангам", "Исми ман ширинкор", ("Мавсими боронҳо" С.Ҳ) истифода кардааст, бо варианти бастубанди шудаи Аҳмад Зоҳир омадааст. Ин оҳанги марғуб бо ғазали машҳури Ҳофиз метавон гуфт, гул кардааст:

Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,
Чист ёрони тариқат баъд аз ин тадбири мо?

Дар мавриди бастабандии моҳиронаи таснифи мазкур мехостам чунин илова кунам, ки пажӯҳишгарони ашъори Ҳофиз тасбит кардаанд, мундариҷаи ин ғазал ба қиссаи маъруфи Шайх Санъони Фаридаддини Аттор иртибот дорад. (Шайхи бузурге, ки ба хотири духтари румӣ тарки намоз карда, ба дини насронӣ гаравид, ба хоҳишҳои муридонаш эътибор намедиҳад, пас аз мудохила аз олами улво, дубора ба Ислом бармегардад). Ҳангоми бодиққат гӯш кардани ин тарона, шахси аз адабиёти классикӣ огоҳ ба нобигаи Аҳмад Зоҳир қоил мешавад. Зеро ки суфиён ҳангоми рақси самоъ, мисли валс чарх мезананд (ҳатто фарзияе мавҷуд ҳаст, ки урупоиҳо валсро аз тариқати тасаввуф гирифтаанд) ва дар ин ҷо низ валси "Мавҷҳои Амур" дар ғазал Хоҷаи Шероз дар ҳақиқат масту махмуртар гаштааст:

Мо муридон рӯ ба сӯи қибла чун орем, чун!
Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад, пири мо".

Яке аз хизматҳои бузурги Аҳмад Зоҳир барои санъати овозхонии мардуми форснаҷод дар он аст, ки ана ҳамин гуна таронаҳои машҳури мардуми Ғарбу Шарқро

пешина
аз 338
навбатӣ