Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
бори аввал дар бозгардон ба забони модарии худ ба ганҷинаи ҳунари мусиқии онҳо ворид кардааст.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда матни ин гуна сурудҳоро маъмулан бо хоҳиши Аҳмад Зоҳир шоирони ҳамзамони на он қадар маъруф, аз ҷумлаи дӯстонаш эҷод мекардаанд. Дар бораи он, ки Аҳмад Зоҳир матнҳои баъзе аз таронаҳояшро худаш низ эҷод кардааст, сару садоҳои зиёде ҳаст. Дӯсти Аҳмад Зоҳир, олиму овозхони маъруф Ҷӯрабек Назриев аз эҳтимол дур намедонад, ки матни баъзе аз сурудҳояшро Аҳмад Зоҳир худаш гуфтааст. Устод Ҷӯрабек Назриев сурудҳои "Бигардам даври хокат модари ман" ва "Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ"-ро мисол меорад. Тасдиқи ин фикрро мо дар як мақолаи мусиқашиноси афғон Мир Ҳикматулло "Аҳмад Зоҳир - булбули афғон", ки тобистони соли 1999 дар нашрияи Лигаи Байналмиллалии Донишҷӯёни Афғон "Масоили мусиқии афғон" ба чоп расидааст, мебинем. Рафиқи даврони мактабхонии Аҳмад Зоҳир, шоир ва оҳангсоз, Сафиуллоҳи Субот низ мегӯяд, ки матни баъзе сурудҳояшро Аҳмад Зоҳир худ гуфтааст ва суруди "Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст" - ро номбар мекунад. Ба гуфтаи мутахассисони шеър ҳарчанд матнҳои ин таронаҳо аз ҷиҳати бадеият ва шеърият аз навоқис холӣ нестанд, вале онҳо соддаву самимианд ва аз ҳама муҳимаш бо оҳанги эҷодшуда хеле ҳам мувофиқ омадаанд. Садои ҷозибадору нотакрори Аҳмад Зоҳир бошад ин навъ ноқисиҳоро дар чашми мухлисони созу овозаш ноайён сохтааст.
Барои мисол таронаи "Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст"-ро мебинем, ки оҳанги хеле дилангезе дорад. Ба сифати нақорот Аҳмад Зоҳир ин мисраъҳоро интихоб кардааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё