Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

гирд овардааст, ки Аҳмад Зоҳир низ он хонданиҳоро ба форсӣ мутобиқ сохта, яъне шеъри баёнгари он мазмунро пайдо карда, хондааст. Дар робита бо натиҷаи ин тадқиқоти худ Зафар Мирзоев дар як мақолааш дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" (№24, 12 июни соли 2003) чунин менависад: "Он чӣ мехоҳам таъйид кунам ин аст, ки гӯши касе ба қабули мусиқии ноб қодир бошад, бартарии овози мамдуҳи моро (Аҳмад Зоҳирро С.Ҳ) дармеёбад. Дар кассет мо хонданиҳои фаронсавиҳо, Ҳенрико Массес (ва вариантҳои форсии Аҳмад Зоҳир "О диторам, диторам", "Ай гулизори ман, боғу баҳори ман"), Шарл Азнаур (варианти Аҳмад Зоҳир "Дигар ашкам марез", воқеан бо ин оҳанги фаронсавӣ бисёр овозхонҳои рус суруди "Дорогой длинною"-ро хондаанд), тенори бузурги итолиёвӣ Марио Ланс (варианти Аҳмад Зоҳир "Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ"), ногуфта намонад, ки ин оҳанги ба классика шомилшударо қариб ҳамаи овозхонҳои машҳури дунё, аз ҷумла тенорҳои барҷаста Пласидо Доминго, Лучано Паваротти ва овозхони машҳуру нотакрори эстрадаи Испания Хулио Иглесиес хондаанд. Дар он кассета инчунин аз оркестри Пол Мариа (варианти Аҳмад Зоҳир "Танҳо шудам, танҳо шудам", ин таронаро шодравон Кароматуллоҳи Қурбон низ дар пайравӣ ба Аҳмад Зоҳир хондааст), сурудҳои оҳангсозону овозхонҳои машҳури Ҳиндустон Мукеш ("Ҷал акела, чал акела") бо вариантҳои ҳам ҳиндӣ ва ҳам форсии Аҳмад Зоҳир "Чашм ба роҳат, дил ба ёдат гиря кардам", "Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед", Муҳаммад Рафӣ "Мей шаир то наҳин" аз кинофилми "Бобби"). Инчунин дар кассетаи мазкур валси машҳури русӣ "Мавҷҳои Амур" — оҳанги дӯстдоштаи Раҷ Капур, ки худ дар аксарияти кинофилмҳояш,

пешина
аз 338
навбатӣ