Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

"ЁДИ РӮЗГОРИ ШИРИН,
ХОТИРОТИ ИШҚИ ДЕРИН"

Дар хазинаи бои мусиқии ҷаҳонӣ сурудҳое мавҷуданд, ки ба сабаби хеле фораму гӯшнавоз будани оҳангашон, овозхонҳои миллатҳои зиёде дар ҳавои онҳо бо забони модарии худ матне навишта, ё аз ашъори шуарои худ матне пайдо карда, сурудаанд. Одатан ин гуна сурудҳоеро, ки дар байни мухлисони ҳунари мусиқии бисёр халқҳои олам маҳбубият пайдо кардаанд ва солҳост, ки дар истеъмоланд, сурудҳои ҷовид меноманд. Ва аз баски ин сурудҳоро маъмулан овозхонҳои машҳур мехонанд он одатан писанди мардумонашон мегардад. Баъзеи ин сурудҳо ба дили шунавандаҳо чунон ҳам сахт роҳ пайдо мекунанд, ки дигар моли кӣ ё кадом халқ будани он фаромӯш мешавад. Онро ҳамчун суруд ё моли шахсии овозхони худӣ мешуморанд.
Дар репертуари Аҳмад Зоҳир ҳамин гуна сурудҳои ҷовид, ки аксаран аз осори оҳангсозони мамолики ғарбӣ гирифта шудаанд, ҳастанд. Дар ин бораи хонандаи гиромӣ метавонад аз китоби Султони Ҳамад "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" (Душанбе, "Бухоро", соли 2012) маълумоти муфассале пайдо кунад.

Зафар Мирзоев, олими шарқшиноси тоҷик, алоқаманд
ва донандаи хуби осори Аҳмад Зоҳир дар мавзӯи муносибати ин хунёгари бузурги Шарқ бо эҷодиёти бузургони
олами мусиқӣ як пажӯҳиши зоҳиран кӯчак, вале мазмунан
бузурге кардааст. Ӯ дар як кассетаи магнитофонии якунимсоата 9 таронаи овозхонҳои машҳуртарини ҷаҳониро

пешина
аз 338
навбатӣ