Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

гурӯҳи чорум ба ҳисоб мераванд.

Суруду таронаҳои "Аз дастат фиғон - фиғон дорам", "Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ", "Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирёну чу шамъи маҳфилам", "Зиндагӣ охир сарояд бандагӣ даркор нест", "Даст аз талаб надорам то ҷони ман барояд", "Эй подшоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ", "Ҳошо, ки ман ба мавсими гул таркӣ май кунам" ва боз чандин сурудҳои дигар бар пояи оҳангҳои ҳиндӣ эҷод шудаанд. Асоси ин сурудҳоро яке аз оҳангҳои маъруфи ҳиндӣ ташкил медиҳад. Масалан, оҳанги суруди "Аз дастат фиғон фиғон дорам"-ро оҳангсози машҳури ҳиндӣ Шанкар Чайкишан барои филми хеле машҳури ҳиндӣ "Овора" эҷод кардааст. Дар ин филм ин сурудро овозхони маъруфи ҳиндӣ Лата Мангешкар мехонд. Суруди дигари дар боло зикршудаи "Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи маҳфилам"-ро ҳам Аҳмад Зоҳир бар асоси оҳанги ҳиндӣ аз кинофилми "Маро ширинкор меноманд" эҷод кардааст. Ин сурудро дар ҳамон филм Мукеш мехонд. Зимнан бояд бигӯям, ки ҳамин сурудро Аҳмад Зоҳир бо забони ҳиндӣ низ хондааст ва чанд навори он маҳфуз аст. Матнҳои таронаҳои бо сабки ҳиндӣ сурудаашро Аҳмад Зоҳир маъмулан аз адабиёти классикӣ аз байни ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ ва шуарои муосири форсигӯ интихоб кардааст. Ашъори классиконро Аҳмад Зоҳир дар қолаби оҳангҳои ҳиндӣ хеле моҳирона ҷой додааст.

Намунаи онҳо "Эй подшоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ", "Ҳошо, ки ман ба мавсими гул таркӣ май кунам", "Даст аз талаб надорам то коми ман барояд" -барин ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ва "Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон"-и Саъдии Шерозӣ мебошад.

пешина
аз 338
навбатӣ