Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

ТаҳсилотМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

раванд ҳадафи холисонаву пазируфтаниро бо ҳамкасбони хеш ташвику талқин намуданро ба худ моии ифтихор донад. Зеро сабақ андӯхтан, аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор будан ва дар зимн дар фаъолияти корӣ истифода бурдан нишонаи камолёбӣ ва зуҳуроти қобили қабул аст.

Дар фазилати илм сухангӯёни нуктасанҷ фикру андешаҳои ҷолибро иброз доштаанд. Бидуни ваҷҳ ақидаи «Нури ақл дониш аст» имрӯз ҳам мақоми азалии худро аз даст надодааст ва ё мақоли машҳури «Илм дар хурдӣ — нақш бар санг» ва ба амсоли ин пандҳои судбахшро ба шогирдон бо иртибот бо мисолҳои возеҳу рӯшан ёдрас намудан боровартар ва боарзиштар хоҳад буд. Мусалламан илми дар айёми наврасӣ гирифта то охири умр дар ҳофизаи инсон нақш ёфта ва кас дар мавриди эҳтиёҷ аз он донишҳои маҳфуздоштаи хеш корбаст мекунад. Аз ин лиҳоз омӯзгорро лозим меояд, ки ҳифз намудани маводи омӯзиширо аз сӯи шогирдон ба эътибори махсус гирад. Зеро хирад ва дониш зинати шахс буда, ӯро ба роҳи росту дуруст раҳсипор мекунад ва ҳар он фарде, ки дорои ақли расост, набояд баҳри ба даст овардани илму дониш ба коҳиливу нотавонӣ мувоҷеҳ шавад. Аз он ваҷҳ, ки инсони соҳибилму бофарҳанг дар ҷомеа мӯътабару мӯҳтарам ва дар ҳалқаи ҳамнавъони худ аз саршортарин эҳтиром бархурдор аст. Ҳамчунон ки ин маънӣ дар мисраҳои маъруфи Носири Хисрав чунин қаламдод шудааст:
Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷӯӣ ҳаме,
То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.

Асоситарин шарти дигар ба болоравии тафаккури эҷодии шогирдон муҳити мувофиқ фароҳам овардан аст. Пайдокарди шароит имконият медиҳад, ки ҷӯяндагони илм ба фаро гирифтани дониш ҷасуронатар қадам бардоранд. Албатта, дар ин росто кӯшишу ғайрати шогирдон зарур аст. Возеҳан бо форигболиву коҳилӣ наметавон ганҷи мақсуд ба даст овард. Балки пайваста дар ҷустуҷӯи донишҳои тоза ба тоза домани ҳиммат ба камар бояд баст. Ба қавли муаллими ахлоқ Шайх Саъдии Шерозӣ «То дона парешон накунӣ, хирман барнагирӣ». Месазад, ки ин панди воло сармашқи

пешина
аз 54
навбатӣ