Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

ТаҳсилотМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як нафаре аз мо бошад. Зеро камоли шахсияти ҳар фарди хушманду бедор аз хираду закавати пурбори ҳар кас вобаста мебошад. Аз ин рӯст, ки мутолиаи беш аз беш дар зеҳни кас асари амиқ бар ҷой гузошта, дар такмил ёфтани маҳорати эҷодии ӯ замимаи пурарзиши фикриро изофа менамояд.

Ташаккул додани шахсияти нав, ки ҳамсафару ҳамрадифи замон бошад, дар шароити кунунӣ аз муҳимтарин масоили тарбиявӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин замон, ки муносибатҳои байнамилалӣ рӯ ба рушд намуда, дар пешрафти соҳаи илму маориф бояд ҳар як нафаре аз мо нақши амиқи худро гузорем. Афзалияти илму донишро ба аҳли ҷомеа гӯшзад намоем ва аз рӯйи фазилат аз донишҳои ҷадиди муосир бархурдор бошем ва дар даст ёфтан ба он ҷидду ҷаҳди муассирро раҳандозӣ кунем. Бошад, ки фарзанди мо низ дар бозгӯ намудани масоили мухталифи ҷаҳонӣ дастдарозӣ намоянд.

Ифтихори ватандорӣ дар паёмҳои
Сарвари давлат

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Лоиқ

Ватан аз муқаддастарин ва рахшонтарин мафҳумест, ки хурду бузург, пиру барно ва сагиру кабир бо таассуроти поённописанд ба он ишқ бастаанд. Ба иборати беҳтар, дар ёди Ватан будан ва зистан дар қалби меҳрпарвари ҳар нафаре аз мо бо маҳбубтарин садоқат маскангузин аст. Ғояи асосии ин каломи рӯҳнавозро дар ҳама ҳолат дарк ва эҳсос менамоем ва дар навбати худ муҳаббатномаи Ватанро дар авроки заррини рӯзгорамон бо рангҳои гуногун нақшбандӣ мекунем.

пешина
аз 54
навбатӣ