НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
бесобиқаи илми муосир дар фарогирии таҳсилоти шогирдон ба таври густурдаву фарох судҳо бардорад.
Воқеан ҳам фоида бардоштан аз афкори панду ахлоқӣ ва насиҳатбори нодирамардони илму адаб, ки дар осорашон тарғиб доштаанд, меъёрҳоеро мемонанд, ки тавассути он суханони андӯрзомез такомули инсонро метавон андоза намуд. Аз ин ваҷҳ ҳар як омӯзгорро лозим меояд, ки дар оғозу анҷоми ҷараёни ҳар дарси хеш дар талқину ташвиқи ақидаҳои тарбиявии андешамандон саҳми амиқ ва боризеро бар ҷой гузорад. Аз ҷониби дигар, муаллим ӯҳдадор аст, ки бо маҳорату истеъдоди касбии худ дар ҷиҳати тарбияи ахлоқии наврасон аз дари лутфу дилбастагӣ ворид шуда, кӯшишу талоши хешро дар ҷилавгирӣ намудан аз рафтори зишту кирдори носутуда равона кунад.
Гароиш ба илму дониш нерумандтарин падидаест, ки дар қалби ҷӯяндагони илм ба ҷунбиш меояд ва онро дар ин роҳ вомедорад, ки баҳри даст ёфтан аз сармояҳои пурарзиши илми маърифат қувваи зеҳнии худро расотар ба кор андозанд. Дар тарбияи ин завқи сазовор ҳиссаи омӯзгор бесобиқа аст. Ба ҳамон шарт, ки омӯзгор дар ин ҷода бо тамоми ҳастиаш заҳмат кашад. Барои тақвияти ин андеша овардани суханони варзидатарин олими эронӣ духтур Саидмуҳаммадбоқир Ҳучҷатиро ба маврид медонем: «Бояд гуфт, ки бе тардид шогирд волотарину беҳтарин бародар ва балки арҷмандтарин фарзанди муаллим аст. Зеро илму дониш асос ва омили ба ҳам расидани як навъ қариб ба хешовандии рӯҳӣ ва маънавӣ аст, ки муаллим ва шогирдро бо ҳам марбут месозад ва чунин пайвандӣ аз ҳар гуна пайвандӣ ва хешовандии ҷисмонӣ ва хунӣ волотар ва шукӯҳмандтар мебошад».
Аз ин ҷост, ки омӯзгор ба сифати пошандаи тухми маърифат дар ҳаёти ҷомеа бояд тамоми нерӯи ақлонии худро дар роҳи тақвият бахшидан ба қобилияти зеҳнии шогирдон бо дилбастагии пуркориву пухтакорӣ равона созад. Аз ин нуқтаи назар омӯзгори воқеӣ бояд дар сурати зарурат ҳамаи андӯхтаҳои фикрии худро дар шеваи адои вазифаи омӯзиш ва парвариши мустақими толибилмон қурбонӣ кунад. Дар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё