Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

хеш оташаки муҳаббатро нисбат ба китоб фурӯзон кунад. Пайдост, ки ин ҳадаф ба осонӣ ба даст намеояд. Метавон бо таъсири сухан, ифшои маъниҳои бикр, таҳлилу муҳокимаи асари пурарзиш ва ба мисол овардани ҳикоёти наҷиб аз рӯзгори бузургони пешин, бахусус дар мавриди омӯзиш ва бузургдошти китоб ба дили наврас тухми муҳаббатро пошид. Беҳуда андешамандон таъкид надоштаанд, ки сухан омили тавонои тарбия аст. Симои маънавии шогирдро танҳо бо либоси сухан метавон пероста дошт. Ин ҷо ба иқтивос овардани суханони ҳакимонаи педагоги машҳур В.А. Сухомлинскийро айни матлаб мехонем: «Ҳаяти омӯзгорони мо вазифаи хеле муҳими худ мешуморанд, ки ҳар хонанда дар дунёи китобҳо зиндагӣ бикунад ва сухан дар замири ӯ қаҳрамонию улвиятро бедор бикунад. Ҳанӯз дар айёми бачагӣ ба дили ҳар инсон бояд сухане ворид шавад, ки дар хотираи абадии халқ маҳфуз аст».

Ба ҷаҳони маънавии шогирдон ворид шудан, ба китобхонӣ ҷалб намудан, аз ёд кунонидани пораҳои пурмазмуни шеърӣ ва матнҳои андрзомез, ба луғатомӯзиашон таваҷҷӯҳи махсус додан аз ҷумлаи вазифаҳоест, ки омӯзгори фанни забон ва адабиёт ба уҳда дорад. Дар иҷрои ин масъулият омӯзгор бояд худ намуна бошад. Албатта бо қироати таъсирбахши матн, соддаву фаҳмо баён доштани мавзӯъ, аз фанни худ огоҳии комил доштан, шеваи мафтункунандаи ҳунари касбиро соҳиб будан ва ба пургӯйву жожҳоӣ напардахтан омилҳое буда метавонанд, ки ба доништалаб таъсири мусбат гузорида, онҳоро ба кунҷковию илмомӯзӣ саргарм кунад. Возеҳан тариқи ташаккулёбии ин мақсад ба андозае мураккаб аст ва дар ин роҳ ниёзмандиҳои шогирдонро ба инобат гирифтан ва имконияти фарох ба омӯзгорон муҳайё сохтан барои мушарраф гардидан ба падидаҳои пазируфтани мусоидат менамояд.

Ба назари инҷониб ба хотири дар равиши китобхониву нуктафаҳмии шогирдон самари шоён ба даст овардан таҳлил ва ташкил намудани чорабиниҳои мактабӣ, ба вижа озмуне

пешина
аз 54
навбатӣ