НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
дарсгузариашон низ қаноаткунанда нест. Дарсҳояшон аксаран сатҳи ҷараён гирифта, вақти ҷудошударо беҳудаву бесамар сарф мекунанд. Барои рафъи ин камбудӣ метавон тавсия дод, ки назди шуъбаҳои маорифи навоҳии ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ташкил намуда, ҷалби омӯзгорони камтаҷрибаву ҷавонро таъмин кардан ва таҳти назорати ҷиддӣ гирифтан аз манфиат холии нахоҳад буд.
Вобаста ба ин мавзӯъ бо таассуф бояд бигӯем, ки мутолиаи осори бадеӣ аз ҷониби шогирдон ба андозае коҳиш ёфтааст. Дар қиёс бо солҳои пешин шогирдони замони муосир бо нигоҳи содиқонаву муштоқона ба китоб муроҷиат намефармоянд ва дар ҷустуҷӯву ковишҳои арзишҳои адабиву фарҳангӣ азму ҷазми кофӣ нишон намедиҳанд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ба мӯҷиби аз даст ба даст интиқол ёфтан ва аз беназоративу бемасъулиятии китобдорони мактабҳо қисмате аз китобҳои бадеӣ нобуд шудаанд ва ё ҷузвдонҳои китобҳои афроди алоҳидаро зинат мебахшанд. Донишҷӯ ҳам дар пайдо намудани ин ё он китоби дилхоҳаш ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардад. Ин мушкилотро мо худ бо дастони худ эҷод кардаем ва бо ин хизмати нохоста ба наслҳои имрӯзинаву баъдина заҳмати зиёдеро эҳдо намудаем. Ин як тарафи масъала ҳаст. Тарафи дигари масъала дарёфти решаҳои коҳишёбии раванди китобхонии шогирдон ба шумор меравад. Дар ин ҷода қадами аввалин он аст, ки завқи китобхонии шогирдонро бедор созем ва меҳри дӯст доштани китобро дар тинаташон парвариш намоем. Барои ин қасдро ба рӯйи кор гирифтан, қабл аз ҳама моро лозим аст, ки дар ҷараёни дарс ва берун аз он ба тариқи густурда аз адабиёти мавҷудаи дархӯри ниёзи шогирдон буда истифода барем ва онҳоро дар роҳи ҷустану мавриди мутолиа қарор додани ҳар як асари арзишнок роҳбалад бошем.
Мусалламан майлу рағбат ба китобхонӣ дар тафаккури шогирдон худ ба худ тавлид намеёбад. Асосан вазифаи омӯзгор аст, ки ин масъулиятро ба дӯши худ бигирад ва дар ин замина ба тадриҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва шавқмандкуниро пайгирӣ намояд ва дар қалби шогирдони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё