НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
нарафтан шаҳодат аз он медиҳад, ки маҳсули заҳмати омӯзгор аз назарфиребии худу шогирдон чизи дигаре беш нест. Бо ин аҳволу авзоъ кай метавон аз хонандаи имрӯзи фарди андешапарвару доништалабро умедвор шуд. Омӯзгор муваззаф аст, ки дар сурати зарурат дар тафсиру тавзеҳи ин ё он матни таълимӣ ва ифшои мазомини калимаҳои маъниҳои луғаномаи дастрасро ба кор гирифта, мавзӯи ниёзи матлабро паҳновартару комилтар ба арзи донишҷӯён расонад.
Дар идомаи ин андеша бояд афзуд, ки ҳар як омӯзгор дар масоили тарбиявӣ, ки дар матн дарҷ ёфтааст, нукоти баргузидаро ба хулқу атвори шогирд таъсири судманд расониданро дар назар дошта бошад. Зеро ки сарчашмаи такомулиёбии сифатҳои ахлоқии шогирдон аз фаҳму дарки мавзӯъ ва дар ниҳоди худ парвариш додани писандидатарин фазилатҳои инсонӣ пайванди ногусастанӣ пайдо мекунад.
Қобили тазаккур аст, ки дар дарсҳои адабиёти тоҷик мақсади тарбиявии маводи таълимиро таъкид намудан ва матнро бо тамоми паҳлӯҳояш мавриди таҳлилу тавзеҳот қарор додан муҳимтарин ҳадафи тадрис мебошад. Омӯзгор аснои баёни мавзӯъ ба ҷиҳатҳои ахлоқии он таваккуф фармуда, фикру зикр ва саъю кӯшиши наврасро дар баробари ба худ парваридани арзишҳои волои инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Ба ин васила ба қобилияти дарккунӣ ва инкишофёбии тафаккури хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Боиси қайд кардан аст, ки тарбияи маънавӣ дар наврасон ин раванди саҳлу осон набуда, аз ҳар омӯзгор малакаву маҳорати кофиро талаб менамояд, то дар ниҳоди шогирдон ташаккул додани хулқу одоби некро дуруст ва мақсаднок ба роҳ монад.
Дар ин ҷода тариқи нутқ ва шеваи баёни омӯзгор муҳим аст. Албатта, нутқи равон ва санъати баёне, ки омӯзгор дар ихтиёр дорад, бо донишҳои илмиву назариявӣ ва мукаммал мусаллаҳ бошад. Дар ҳамон сурат натиҷаи ҷолиб ба даст меояд, ки омӯзгор дорои маърифати баланд ва донандаи хуби фанни хеш бошад. Вале бояд арза дошт, ки на ҳамаи омӯзгорони фаннӣ ин ҳунарро соҳиб ҳастанд ва тарзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё