НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
посухгӯи талабот нест. Аён аст, ки шогирдон дар фаҳму дарки каломи мавзун ва суханони ҳикматбор жарфтар андеша намеронанд. Дар пайи ҷӯяндагиву баҳрабардории мутассил қасди шохисе рӯйи кор намегиранд. Ин ҳама нуқсонҳову норасоиҳо дар бештари макотиби манотиқи ҷумҳурӣ ба назар бармехӯрад, ки баҳри пешгирӣ намудан аз ин омилҳои номатлуб чанд нуқтаи муҳим ва мавриди ниёзро метавон ба тариқи пешниҳодот ба омӯзгорони фаннӣ, ба вижа ба омӯзгорони риштаи забон ва адабиёти тоҷик тавсия доштан ба манфиати кор хоҳад буд.
Ҳифз ва ба хотир супурдани мавзӯи мавриди омӯзиш аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки шогирд ба орияти худ гирифтааст. Дар зимн шогирд набояд побанди шуғли нолозим гардад ва хешро саргарми корҳои ғайр сохта, аз омӯхтану фаро гирифтани маводи таълимӣ ғофил монад. Аз сӯи дигар ба дақиқӣ ва сиҳатии матн таваҷҷӯҳи хоса диҳад, ки риоя намудани ин самт ба орӣ аз нуқсу хатоӣ аз ёд кардани матн ёрӣ мерасонад. Омӯзгор дар ислоҳ намудани хатоиҳое, ки аз ҷониби хонандагон сар мезанад, худро бояд масъул ҳисобад. Махсусан, дар мутолиаи осори классикон шогирдон ба вожаву истилоҳоте бармехӯранд, ки барои онҳо номафҳуму ноошно мебошанд. Аз ин ваҷҳ, омӯзгор бояд дар кушода додани луғатҳои душвору мураккаб бо истифода аз луғатномаҳои мухталиф ба шогирдон ёрмандии хешро дареғ надорад. Дар баробари ин шогирдон низ он ҳама калимаву ибораҳои шарҳу тавзеҳёфтаро дар дафтари луғат ёддошт ва ҳифз намуда, дар мавриди зарурат бо камоли сухансанҷӣ ва нуктафаҳмӣ аз он вожаҳо суд бардорад.
Таъкид бояд дошт, ки бештари омӯзгорони фаннӣ аз фарҳангу луғатномаҳо ба қадри имкон фоида намегиранд. Аз ин ҷост, ки шогирдон дар шарҳу эзоҳ додани соддатарин калимаву таъбирҳо оҷизӣ мекашанд. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки луғатомӯзии шогирдон сатҳӣ ҷараён дошта, дар ин ҷода омӯзгорон низ бемасъулиятӣ нишон медиҳанд. На ҳамаи хонандагон дафтари луғат доранд. Сарсарӣ аз ёд кардани матн ё порчаҳои шеърӣ ва ба мӯҳтавои он сарфаҳм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё