Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ғановати маънавии наврасон

«Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таҳаввул ва ташаккул бахшидан ба сифатҳои ахлоқии наврасон омӯхтан ва омӯзонидани афкори ғановатманди суханварони пешин нақши амиқ ва муассир дорад. Метавон афзуд, ки дар ин замина дарси адабиётрро тариқе бояд пешниҳод сохт, ки дар ниҳоди толибилмон ҳисси фаҳму дарк намудан ва ба кор гирифтани судмандтарин роҳнамудҳои ҷолиби омӯхтан мақом гузорад. Даст ёфтан ба ин мақсад аз омӯзгорони ин фан заҳматҳои фаровонро барои гузаронидани машғулиятҳои амаливу назарӣ тақозо мекунад.

Омилҳое дар ин роҳ пешорӯи омӯзгорон вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон танҳо бо роҳи садоқату муҳаббат ба касби хеш бартараф намуд. Ин қабл аз ҳама ба усулу шеваҳои дасгузарии онҳо иртибот дорад. Таъсири сухан, шевоии баён, таваҷҷӯҳи аҳли синфро ба сӯйи худ кашидан, ҳангоми таҳлилу баррасии мавзӯъ аз рӯзгори воқеӣ мисолу далел овардан, амиқии фикр ва амсоли ин кӯшишот василаҳоест, ки омӯзгор дар роҳи мустақими парвариши шогирдон қадамҷӯ устуворе бардошта бошад.

Мусалламан таълимгоҳ ягона маркази парвариши донишу маърифат ва хулқу атвори писандидаи инсон ба шумор меравад. Аз ин дидгоҳ омӯзгорон ҳам доманаи фаъолиятро густурдатар ва пурмасъулияттар дар ҷодаи парваришу омӯзиш ниҳода, дар ин раванд андӯхтаҳои фикрию маънавии хешро дар тарбияти шогирдон арзонӣ фармоянд, то расидан ба ормону ҳадафҳои тасмимгирифтаи хеш муваффақона ноил гарданд.

Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ҳазм ва ҳифз намудани маводи таълимӣ дар шароити кунунӣ аз тарафи шогирдон

пешина
аз 54
навбатӣ