Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

накӯву рафтори шоиста бинад. Албатта, ин умедвории нишотбахш бо заҳмати пайгиронаву ҳамешагӣ ба даст меояд. Таъмини ин ҳадаф аз устоди воқеӣ дар роҳи ба даст овардани тарбияи комил тамкинуву сабурӣ ва садоқату матоини лозима талаб менамояд. Аз ин ваҷҳ, муаллим бояд бо пиндор ва гуфтору рафтори хеш намунаи ибрат ба шогирдон бошад. Маҳорат ва пухтакории омӯзгор нақши барозандаеро дар рӯҳи маърифатписандии тарбиятгирандагон мегузорад ва онҳоро дар роҳи таҳсили камолот раҳнамоӣ мекунад. Ғолибан рафтору кирдори шоистаи устод ба мисоли пулест, ки муносибати устоду шогирдро бо ҳам пайванд менамояд ва дар устувор нигоҳ доштани ин пул бояд аз ду ҷониб таҳрику ҷунбиши чашмгире ба амал ояд, то ки аз самараи он дигарон низ баҳрабардор бошанд.

Мутаассифона, боиси нигаронист, ки рафтору кирдори бархе аз шогирдони имрӯзӣ мувофиқат ба андешаҳои фавқ намекунанд.

Андешаи моро ҳамеша як масъалаи муҳим ба худ машғул медорад. Он масъала ин аст, ки чаро хонандагон пас аз қадам ниҳодан ба синфи болоӣ гӯё ба якборагӣ дар хулку атвор ва тафаккури онҳо дигаргунии куллие ба вуҷуд меояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин амали номатлубу ноогоҳона дар вуҷудашон аз солҳои пеш будааст. Шояд сабаб ин бошад, ки дар синфҳои ибтидоӣ бо онҳо асосан танҳо як нафар омӯзгор сарукор мегирад ва дар ҷараёни таълиму тарбия мӯшикофона ба хусусиятҳои равонии хонандагон диққат медиҳад. Аз сӯи дигар ин омӯзгорон ҳамеша дар ҳалқаи шогирдон қарор дошта, аз бурду бохти онҳо ғофил ҳам нестанд. Ҳамчунин бо хонандагони дарсгурезу кундзеҳн машғулиятҳои иловагиро ба роҳ монда, дар ташаккули ахлоқии ҳар шогирд худро масъул меҳисобанд.

Вале воқеият ин аст, ки тамоюли мазкур дар ниҳоди аксарияти хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ реша давондааст ва он бояд аз назари илмӣ таҳлилу таҳқиқ шавад, бояд дар ифшои зуҳури он кӯшиш ба харҷ диҳем.

пешина
аз 54
навбатӣ