Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаърифатТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ҷавоби саҳеҳ ба ин саволҳо ба андешаи мо ба тариқи зайл аст:

Нахуст шогирд бояд, ки мудом дар фикри баҳрабардорӣ аз андӯхтаҳои фикрӣ ва маънавии устоди хеш бошад, то ки дар зеҳни ӯ аз гуфтору баёни устод осору нақши амиқе пайдо гардад. Ба ин васила таҳсилоти хешро бо донишҳои фароҳу тоза вусъат бахшад. Дар роҳи ба даст овардани илму маърифати комил худро аз пурсидан ғофил нагирад, балки шиори ҷӯяндагиву талошварзиро думболагир бошад. Зеро ба андешаи шоири донишманд Фотеҳи Абдуллоҳ:
Майдаборон хуни рӯишҳо бувад,
Кунчковӣ ҷони ҷӯишҳо бувад.
Илм бе пурсишгарӣ зоил шавад.
Пурсуҷӯ бунёди донишҳо бувад.

Сониян ҳангоми пурсидану шунидани матолиби мавриди гуфтугӯ шогирдон бояд ба куллӣ нозукиҳои одоби муомилаву муоширатро риоя намоянд. Ҳаракате накунанд, ки муҷиби озурдахотирии устод гардад. Дар сиришти худ мулоимсуханиву хушрафторӣ, эҳтиёткориву бо эҳтиром муносибат намуданро парвариш диҳад.

Ахиран ҷавоб ба суоли устод ба пешдастӣ ва худхоҳӣ мувоҷеҳ нашавад. Балки афкори худро тарзе матраҳ кунад, ки бозгӯи воқеият бошад, на беш аз он, яъне ба фазлфурӯшии бемантиқ пардохта аз доираи мавзӯъ дур наравад. Балки посухҳояш атрофи саволҳои мавриди баҳс доиргардида мантиқан солим ва дуруст бошад. Зеро посухи саҳеҳу мусбати шогирд таҷассумгари ризомандӣ ва комёбии устод аст. Муҳимтар аз ҳама бо аъмолу афкори шоёни таҳсин дар рӯ ба рӯ бо устод ва ҳамдарсон худро ба сифати донишомӯзи хушахлоку ботамиз муаррифӣ карда тавонад. Қобилияти фаҳму дарк кардани масъалаҳои кӯчаку бузургро дар ниҳодаш такмилу тарвиҷ диҳад.

Ба ин тариқа, муносибату муомила оид намудан ҳусни тафоҳумро миёни устоду шогирд акс мекунад. Лаҳзаи хушии устод он замон аст, ки шогирди худро дар либоси ахлоқи

пешина
аз 54
навбатӣ