НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
ғоиб чӣ дар ҳозир ӯро ба ҳайси падари маънавӣ пазиро бошад. Андеша бар он бандад, ки устоди воқеӣ раҳнамо ва хайрхоҳи содиқ дар кору пайкори ӯст. Қасди устод дар ҷомеа тарбия ва ба камол расонидани насли солим аст. Пайваста заҳмат кашиданҳои устод равона ба такмили вуҷуди шогирд аст ва воқеан ҳам, ба пиндори мо чунин бояд бошад. Аз ин дидгоҳ шогирд бояд поси хотири муаллими хешро гиромӣ дорад.
Устоди ҳақиқӣ дар замири шогирдон тухми меҳру вафоро мепошад ва ононро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ парвариш намуданро ба худ мояи ифтихор медонад. Қарзи инсонии ӯст, ки дар рушду такомули бахшидан ба сифатҳои ахлоқии шогирдон таваҷҷӯҳи ҳарчӣ тамомтаре дошта бошад. Доимо дар кашфу ҷустуҷӯи равишу усулҳои ҷадиди пазируфтанӣ ва эҷодкорӣ гом барниҳад. То ба он андозае, ки дар ботини шогирди худ хулқу атвори писандидаи мардумиро мақом ниҳода тавониста бошад.
Гузашта аз ин муаллими арзанда онест, ки дар муомилат ва муошират бо шогирдони хеш алоқа ва дилбастагии самимона дошта бошад. Ба унвони як фарди огоҳу маърифатпазир ба ҳарфу нуқтаи шогирдон ҳарисона гӯш фаро дода, онро ба андозаи имкон тақдир намояд. Хешро чунин вонамуд созад, ки аз шунидани баёни дастпарвари худ хеле хушҳолу шодмон аст. Дар баробари ҳамин шогирд низ дар бархӯрд бо устоди хеш ончунон рафтор ва муносибат дошта бошад, ки бо шунидани суханони ҳикматбори устод саропо ҳастиашро бахшида тавонад.
Дар ин замина зарур мешуморем, ки ба як нуқтаи басо муҳим ва нозук ишорат фармоем. Зеро риоя намудан ва суд бардоштан аз он тораки ногусастаниеро миёни устодону шогирд барқарор мегардонад. Ва он шеваи баёни устод, фаҳму дарки он ва қадрдонии вижа аз сӯи шогирдон аст. Пас суоле ба миён меояд, ки оё мактабиёни муосир дар пазирой аз ин матлаб то чӣ андоза муваффақ ҳастанд? Дар ин росто чӣ иқдомеро пайгирӣ доранд? Ва ё одобу фаросати шогирдон дар арҷгузорӣ ба устоди хеш дар кадом поя қарор дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё