НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
эътимоду эътиқод рӯ мезанад ва дар ин даврони ҳаёти худ ба атрофу акноф аз рӯи тақлид муносибат мекунанд. Бо ниҳояти возеҳият ба ҳар як камоли афроди пухтаву таҷрибаандӯхта риштаи меҳр пайвастан ва аз рафтору кирдор ва пайкори насли калонсолон пайравӣ доштан ба такомулиёбии хулқу атвори тарбиятгирон саҳми амиқ ва боарзиштар эҳдо менамояд.
Наврасонро парвариши солим бояд
Эълон гардидани соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Рушду пешрафт ва саодати ҳар миллат бо чӣ тариқ ҷараён гирифтани маориф ва фарҳанги он иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, аз тарбиятдиҳандагону тарбиятгирандагони замони кунунӣ талаб карда мешавад, ки бо донишу фарҳанг ва технологияи муосир мусаллаҳ бошанд ва ба меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои маънавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар роҳи аз худ намудани онҳо кӯшиш намоянд. Ҳоло доир ба баъзе ҷиҳатҳои масъалаҳои гуногуни тарбиятии ишоратшуда андешаҳои худро баён менамоем, то хонандагон низ дар ин замина назари хешро иброз дошта бошанд.
Искандарро пурсиданд:
- Чаро ба муаллим ва устодони хеш беш аз падар арҷ менихӣ?
Гуфт: - Падар маҷрои вуҷуди зудгузар ва нопойдори ман мебошад. Вале муаллим маншаъ ва сабаби зиндагонии ҷовид ва пойдори ман аст.
Ёд овардан аз ин ҳикояти маъруф, ки тайи садсолаҳо дар мақоми истифода қарор дорад, дарак аз он медиҳад, ки шукӯҳу шаҳомати устод дар тамоми давру замонҳо мавриди арҷгузории интихонописанд аз сӯи инсоният будааст.
Шогирд муваззаф аст, ки бо нигоҳи икрому эҳтироми вофир ба устоди хеш муносибат намояд ва ҳама лаҳза - чӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё