Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба фаъолияти баъдиҷоштгоҳии худ бо дилбастагӣ машғул намешавад. Зуҳуроти ин омил ба инкишоф ёфтани қобилияти зеҳнии донишомӯз низ таъсири мусбат намебахшад. Вале чӣ илоҷ, ки бо маҳдудияти имконият дар макотиби ҷумҳурӣ фароҳам овардани толибилмон дар як баст номумкин аст. Фақат маслиҳат он аст, ки масъулини макотиб таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоиро то ҳадди имкон дар басти аввал таъмин кунанд. Бо муҷиби он ки онҳо бо қадамҳои нахустин ба дунёи илму дониш ворид мешаванд, дар шеваи саводомӯзиашон вақти бомдод нофеътару муносибтар аст. Ҳамчунин ҳангоми тақсимоти соатҳои таълимӣ ба инобат бояд гирифт, ки ба ҳар як аз омӯзгори фаннӣ танҳо дар як баст соатҳои дарсӣ ҷудо карда шавад. Барои он ки дар рафти фаъолият эҳсоси хастагӣ накунанд. Дар ҳолати дар ду баст ба тадрис иштигол варзидан маҳсули заҳматаш на ҳама вақт самараи нек ба бор меорад. Бо вуҷуди омӯзгори меҳнатмуштоқу поквиҷдон ҳам бошад. Лек чӣ тадбир, ки омӯзгор дар ҳоли ҳозир баҳри дарёфти қути лоямут ва таъмини моддии аҳли байти хеш аз субҳ то шом ба кори таълиму тадрис машғул аст.

Муҳайё сохтани макон ва омодагӣ ба дарс аз қабили вазифаҳоест, ки насли калонсоли ҷомеа, махсусан волидайни фарзандон ба зимма доранд. Бояд ба дарсазхудкунии фарзандон ҳуҷраи алоҳидаеро ихтисос диҳем, то ки аз сару садоҳои саргармкунанда холӣ бошад ва дар он макон фазои фараҳбахшу оромии нисбӣ ҳукмрон бошад. Дар баробари ин аҳли хонавода масъул аст, ки аз болои донишфарогирии насли наврас бо тамоми ҷиддият назорат барад. Дар ҳолати зарурат дар кушода додани мафҳумоти мураккаб ва ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, ки ба фаҳми он донишҷӯ душворӣ мекашад, кӯмаки холисонаи хешро дарег надорад.

Аз ин нигоҳи иҷмолӣ, ки перомуни навъҳои мухталифи одоби муошират ва рафтори насли наврас андешаҳои гуногун ба миён омад, метавон чунин натиҷабардорӣ намуд, ки маҳз аз ҳамин синну сол ҷузъҳои ҳассостарини сифатҳои ахлоқии хонандагон рушду равнақ пазируфта, дар онҳо таъсири

пешина
аз 54
навбатӣ