НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
ҷонибдорӣ намудан на он аст, ки омӯзгор шеваи латукӯб ва ё бо суханони қабеҳ шогирдонро накӯҳиш намояд. Ба андешаи мо ин қазия аз зумраи мушкилоти макотиби кунунии мост, ки саҳл пиндоштани он ба манфиати кор нахоҳад буд. Баръакс, баҳри рафъи ин падидаи номатлуб шоистатарин аҳдофро роҳандозӣ намоем, то дар ин замина ба мақсади хеш муваффақона даст ёфта бошем. Ба иборати дигар дар ин роҳ ба инобат гирифтани нишондодҳои зер хатмист:
- ҳамеша ёдрас намудани қоидаи талабагӣ ва риояи ҳатмии он;
- дар муомилаву муошират намунаи ибрат будан;
- ташвиқ ва тарғиби роҳнамудҳои ахлоқии ниёгон;
- сутудани фазилатҳои писандидаи инсонӣ ва танқид намудани сифатҳои зишт ва номақбул;
- дар мақоми истифода қарор додани филмҳои ҳунарии маъзнавӣ ва маърифатӣ;
- ташкил ва баргузории вохӯриҳои судманд бо куҳансолон ва шахсони барӯманд;
- гузаронидани чорабиниҳо ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ перомуни мавзӯъҳои мухталиф.
Ба кор гирифтани пешниҳодоти фавқ аз омӯзгорон вазифашиносӣ ва масъулияти хосаро тақозо мекунад. Дар ин ҷода фаъолияти муҳимтар ба дӯши ташкилотчии мактаб ва роҳбари ҳар як синф меафтад. Дунболи ин иқдом бояд пайваста ҷидду ҷаҳд варзид ва аз сӯи дигар шахси масъул дар роҳи ҳалли муАССИРИ он бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва имконият метавонад муносибтарин равишро интихоб ва ба кор бандад, то дар ин самт вазифаи мушаххасеро ба анҷом дода тавониста бошад.
Одоби ба сухани омӯзгор гӯш андохтан ва иззату эҳтироми устодро аз рӯи садокат ба ҷо овардан аз ҷумлаи фазилатҳои қобили пазириш аст, ки донишомуз ба ихтиёр дорад. Ба ҳангоми изҳори мавзӯъ ва ё қироати шеър шогирд бояд бо иштиёқи тамом ба гуфтори устоди худ гӯш фаро диҳад ва таваҷҷӯҳи зеҳниашро ба суд бардоштан аз донишҳои ироанамудаи омӯзгор баҳшида тавонад. Барои мисол баёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё