Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

ин маврид ба иқтибос овардани суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муносиб мешуморем, ки фармудаанд: «Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст».

Ин матлаб ро дар мисоли ин ё он таълимгоҳ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданӣ нестем. Зеро дар ағлаби макотиби манотиқи ҷумҳуриямон ин амали номатлуб ривоҷ дорад, ки боиси нороҳатӣ ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Масалан, агар бо нияти дидан намудан ба мактабе ташриф фармоед, мушоҳида менамоед, ки хусусан ба ҳангоми фориғ аз дарс дар роҳравҳо ва саҳни мактаб шӯру ғавғои хонандагон ба фалак мепечад. Гурӯҳи дигар аз онон ба озор додани нафаре аз мактабиёни худ машғуланд ё бо алфози қабеҳ ба муноқишаи ҳамдигарӣ вақти хешро сарф менамоянд. Ин ҳолати номақбул, ки ҳамеша ба чашм бармехӯрад, касро бефарқ намегузорад ва аз паи ислоҳи он то тавони имкон бояд кӯшиш намуд. Фаъолияти назорати дохилимактабӣ, ки интизоми комили мактабиёнро идора менамояд, дар чораҷӯй ва тасаллӣ ёфтан ба ҳамагуна ноҷӯриву бенизомиҳо ба тадриҷ бояд мавзӯи машғулиятҳои тарбиявӣ қарор бигиранд.

Одоби шогирдон ба ҳангоми пурсишу ҷавоб дар синфхона низ қонеъкунанда нест. Пешдастии бемаврид ва густохии аз андоза беш дар ҷараёни дарс аз ҷониби аҳли синф ҳар замон рух мезанад ва ин кирдори ношоиста ба азхудкунии мавзӯи мавриди омӯзиш ҳам таъсири номуносиберо хоҳад гузошт. Аз ин ваҷҳ ба рушди шахсияти наврасон, ки ҳарчи бештар ниёз ба парвариши мутассил доранд, омӯзгорони фаннӣ вазифадор ҳастанд, ки дар рафти дарс серталабиву сахтгириро пайгирӣ намоянд ва дар ин раванд аз нармсуханиву мулоимрафторӣ парҳез кунанд. Воқеан ҳамин ақидаро, ки қобили қабули ҳамагон нест, агар сатҳи арзёбӣ намоем, ба назар чунин менамояд, ки ба иззати нафси наврасон латмае ворид мегардад. Мурод аз ин шеваро

пешина
аз 54
навбатӣ