Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

матлаберо аз забони як нафар омӯзгор ба риштаи таҳлил ва баррасӣ мекашем. Дармеёбем, ки мавзӯи мавриди гуфтугӯ ва баҳси аз ҷониби устод матраҳмеёфта ба аҳли синф ошност ва аз он вуқуфи комилро ҳам соҳиб ҳастанд. Ҷӯяндагони дониш набояд дар баробари устоди хеш иддао ба он кунанд, ки мавзӯи мазбурро ба таври бояду шояд медонанд ва бори дигар шунидани онро хостор нестанд. Албатта, ба ин тариқа муносибат намудан дар рӯ ба рӯи устоди хеш сазовори таҳсин нест. Зеро фаромӯш набояд сохт, ки омӯзиши ба такрор самараи сазовор ба бор меоварад. Ба ин маънӣ ба ёд овардани байти машҳури Носири Хисрави Қабодиёнӣ кофист, ки фармуда:
Он к-ӯ накунад тоати илмаш, набувад илм,
Заргар набувад мард, чу бар зар накунад кор.

Дар миёни сухани муаллим луқма партофтан ва ё бо ҳамсинфони худ саргарми шуғле шудан нишонаи бемаърифатист, ки дар ҷараёни дарс аз сӯи шогирдон сурат мегирад. Ин аъмоли номатлуб равиши дарсро халалдор сохта, ба хотирмону муассир доир ёфтани он монеа эҷод мекунад. Асосан ин ҳолати ногувор аз тарафи шогирдони шӯху саркаш ба амал меояд, ки дар вуҷудашон хулқу атвори ношоиста маскан гузидааст. Бо мулоҳиза ба ин матлаб тариқе бояд муносибат дошт, ки наврасонро бо алфози пурҳикмат ва бо талқин андешаҳои волои бузургони пешину муосир ба роҳи дурусту мустақим ва дар пазируфтани рафтору кирдори шоиста ҳидоятгар бошем. Зиёда аз ин наметавон ба осонӣ ба ин мушкилоти печида даст ёфт. Бад-он ваҷҳ, ки бояд ба сифати равоншиноси озмуда ба ҳар як нафар аз шогирди густох дар алоҳидагӣ заҳмат кашид ва дар он сурат шояд дар парвариши наврас беҳбудие муяссар гардад.

Пурсиши вазифаи хонагӣ яке аз ҷузъҳои асоситарини дарс маҳсуб ёфта, аз назокату одоби муассир бархурдор аст, ки ба он бо камоли эҳтиёткорӣ иртибот доштанро ҳам аз омӯзгор ва ҳам аз шогирд талаб менамояд. Мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки ба ҳангоми савол додан аз тарафи омӯзгор

пешина
аз 54
навбатӣ