НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
наврасон дар асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ пеши роҳи худро музайян сохта, ақлу заковаташонро дар ҷустану такопуи донишҳои замони муосир ба ранҷ диҳанд. Ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ бо назар ва шефтагии хоса дар иртибот бошанд ва хосатан поку беолоиш нигоҳ доштани каломи модарии худ ҳиссаи сазовор гузоранд. Таъкиди ин нуктаро аз забони сарвари давлат ба аҳли завқ ёдрас карданием: «Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои эҷодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст».
Эҳсоси забономӯзӣ ба умқи қалби наврас ҳамон лаҳза фаъолу муассир рафта мерасад, ки бо майли донишҷӯенаи худ мустақилона дар андӯхтану анбоштани вожаҳои таъсирбахши забон қудратмандии худро нишон дода тавонад. Дар парвариши ин сон рағбати хоҳиш омӯзгор қодир аст, ки муҳаббати шогирдро дар роҳи омӯхтани забон таҳти назорати хайрхоҳона дошта бошад. Аз сӯи дигар омӯзгор бояд маводи омӯзиширо дар аз худ кардани забони модарӣ барои шогирд муҳайё ва таъмин намояд.
Раванди пайгиронаи забономӯзии шогирдон дар ташаккулёбии сифатҳои маънавии онҳо имконоти созанда ва заминаи мусоид фароҳам меорад. Фаъолияти муназзами ин ҷараёнро маҳз дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик бо ҷолибтарин роҳу шева доир сохтани тадрис дар мадди назар бояд қарор дод. Зеро мазмун ва мундариҷаи ҳар дарси адабиёти тоҷик бо фасоҳату балоғати калимоти забон дар пеши назари донишомӯз бозгӯ мегардад. Шогирд ҳам дар баробари баҳрабардорӣ намудан аз афзалият ва бартарияти вожаҳои забон рӯҳан ва маънаван лаззат бардошта, вобаста ба ин гароиш дар дунёи сухан ақлу хиради худро сайқал ва таҳким мебахшад. Бо истифода аз ин мулоҳиза метавон изофа дошт, ки зарурати омӯхтани забони миллати худ ва эҳтиром ба осори арзишманди ниёгон зоҳир намудан аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё