Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

дилангез ва рӯҳафзоро муҳайё созад. Ҳамин тавр, саъю эҳтимоми худро дар ҷиҳати тарбияи рӯҳияи забономӯзии шогирдон содиқона ба харҷ диҳад.

Бо гомҳои нахустини худ дар арсаи сиёсат забони миллиро «рукни асосии миллат ва давлат» хонда, дар баробари ин «миллату давлат пуштибони забонанд» мегӯяд. Ин фармудаҳои пурифтихори ӯ аз ғуруру маҳбубияти қобили таваҷҷӯҳ саршор аст ва дар роҳи амалӣ сохтани он ҳамчун нигаҳбону посдори забони миллати худ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз рӯи ихлос моро ҳушдор аз он медиҳад, ки: «забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад». Дар мавриди забони шевою гӯёи миллати худ ин ҳарфҳоро ба забон меронад: «Ин забон аз имтиҳонҳои душвор гузашта, намунаи барҷастаи пойдории миллати мо ва он халқҳоест, ки ба ин забон сухан мегӯянд». Ин нуктаи муҳимро гӯшзад намуда, ба мо огоҳона таъкид ва таъйид бар он мекунад, ки: «Ин забон фақат барои он зинда ва поянда монд, ки ҳиссиёти бародарию якдигарфаҳмӣ ва равшан намудани роҳи ваҳдату бунёдкориро софдилона ва тоҷикона сутудааст».

Ғояҳои олии дӯстдории забон дар натиҷаи аз таърихи рангину пурҳаводиси он ошноӣ пайдо намудан ва пуртароватии забонро бо тамоми шикасту рехтаҳояш варақгардон кардани омӯзгор дар вуҷуди шогирдон ба тадриҷ падид меояд. Даст ёфтан ба ин матлаб дар назди омӯзгор қабл аз ҳама мақсад мегузорад, ки аз таърихи пайдоиш ва роҳи тайнамудаи он бо донишҳои густурда мусаллаҳ бошад. Дар тафаккури шогирдон заминаҳои эҳтимоду эътиқодро нисбат ба забон бедор намудан бар дӯши омӯзгорон бор аст, ки албатта, ин марҳилаи нишонрас зина ба зина ба низоми мушаххас медарояд.

Мӯҳтараму мӯътабар доштани забони модарӣ аз тарафи наврасону ҷавонон баробар бар он аст, ки то кадом дараҷа ба муқаддасоти миллии кишвар арҷ мегузоранд. Комёбӣ ба он ҳадаф замоне ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад, ки ҷавонону

пешина
аз 54
навбатӣ