Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳе аз шукӯҳу шӯҳрати Ватан дар ҷараёни таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сухан ба миён меорем, бегумон пешорӯи ҳар яке мо алфози гуворои забони модарӣ бо шаҳомати газанднописандаш ҷилвагарӣ менамояд. Вобаста ба ин мавзӯъ ба иқтибос овардани суханони тарбиятгари барӯманди украинии В.А.Сухомлинскийро айни матлаб медонем, ки каломи модариро ба ҷаҳорбоғи гулфишон шабоҳат додааст ва дар ин замина бо эҳтироми самимии меафзояд: «Бачаҳо ба остонаи мактаб қадам гузошта, хонанда шуданд. Ба пиндошти ман, муҳимтарин вазифаи тарбия ин аст, ки эшонро ба ҷаҳорбоғе дарорем, ки номаш забони модарист ва ҷидду ҷаҳд кунем, ки ҳар бача забони суханро кашф карда, аз он ба ҳайрат биафтад. Пеши бачаҳо саҳифа паси саҳифа китоби хотираи халқ бояд кушода шавад».

Шоистаи эътироф кардан аст, ки ин ормони ҷаззоб ва фарогир дар каломи сарвари фарҳангдӯсти миллат бо дилбохтагии хоса ҳамеша аксандозӣ мекунад. Асоситарин ҳадафи ӯ дар ин замина ин аст, ки насли имрӯзӣ бояд бо тамоми назокату латофаташ дар уқёнуси паҳновари каломи модарӣ ҳамчун ғаввос бошаду аз он дурри маънивӣ дарёбад. Насли забондӯст бояд тамоми нерӯи зеҳнии худро дар дарки калимаву таъбирҳои бикру ноби тоҷикӣ тақдим дошта, дар зимн қалбу мағзашро дар роҳи гиромидошти каломи поки модарӣ парвариш диҳад. Ҳамчунон ки шоир мефармояд:
Забони модарон покиза доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Суханҳои раҳнамудие, ки дар ҳар нутқи қироатнамудаи сарвари давлат дар мавриди ғановати каломи модарӣ ба гӯш мерасад, омил ва ангезаи тавоноест, ки қалби шогирдро ба таҳрик андохта, ҷунбиши назаррасро дар роҳи гароиш ба ҳифозату дӯст доштани забон ба вуҷуд меоварад. Аз ин нуктаи назар бояд омӯзгор аз ҳар василаву шевае, ки дар ташвиқу талқини фаро гирифтани фанни забони модарӣ ба шогирдон кӯмак мекунад, бо дарёфти имконоти мусоид фазои

пешина
аз 54
навбатӣ