НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
ҳақиқӣ меафтад. Ӯ дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, аз ҷумла қайд мекунад: «Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат бароиш азиз аст, бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас ва ҷавонон саҳми муносиб гузорад».
Ишқи самимий ба зодгоҳ ва муҳити зист дар роҳи мӯътабару муқаддас доштани Ватан ба мисоли пули побарҷоест, ки дар замири фарзандон маъвогоҳи хосаро пайдо мекунад ва дар болоравии эҳсосу идроки ватандӯстии онҳо риштаҳои маҳками эътиқодро қавӣ мегардонад. Дар ин росто омӯзгор вазифадор аст, ки дар равиши дарс дар тарбияи ин эҳсос худро масъул донад ва завқу рағбати шогирдонро дар ангехтани ин тамоюл пешгом бошад. Ифодаи садоқат ба Ватан бо хизмати амалии ҳар шахс дар ҷомеа рӯи кор меояд. Илҳомбахши ин масъулият ҳам омӯзгор мебошад. Омӯзгор андак-андак майли шогирдро ба меҳнат мепайвандад ва ӯро водор мекунад, ки ба муҳити атроф некбинона назар андозад. Ба қадри заҳмати дигарон расидан ва аз паи ин шева пайравӣ намуданро дар ниҳоди шогирдон парвариш медиҳад. Хосатон наврас ҳам фараҳу комронии рӯзгорро дар хизмати ҳалолу покиза бар нафъи мардум дарёбад. Дар амал татбиқ намудани ин ҳама хостаҳои нишотовар рӯҳи касро навохта, ба дарки ватандӯстиаш ҳусни тозае меафзояд.
Дар лобалои ин андешаҳо сарвари давлат орзуву ормонҳои аҳли ҷомеа ва фурӯғи ҳуввияти миллиро доимо мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор медиҳад. Аз соҳибистиқлоли ва ваҳдати пойдор бо ифтихор ва дили пур сухан мегӯяд ва ин ду вожаи муқаддасро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан ва маънои онро дархури фаҳму дарки шогирдони имрӯзӣ сохтанро аз насли калонсол таманно дорад. Мо бояд ба муқаддасии ин калимаҳои барои ҳама ошно қоил бошем.
Таълиму бузургдошти арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи кӯшишотест, ки омӯзгор бояд дар ташвиқу тарғиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё