Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

онҳо ба шогирдон бедареғ кӯмак расонанд. Бояд тазаккур дод, ки доир ба соҳибихтиёриву истиқлолияти кишвар арҷ гузоридан вазифаи аввалиндараҷаи фард-фарди тоҷикистонӣ аст. Дарвоқеъ ҳам, дарёфт ва идроки ин вожагони ширину рӯҳпарвар ба мисоли решаи тозаниҳолест, ки эҳсоси ишқи Ватани азизро ғизо мебахшад ва авлоди баору бономуси миллатро дар партави шиори худшиносиву худогоҳии комил ба воя мерасонад. Маъруфияти ин калом муқаррар дар фармудаҳои ин сиёсатмадори дарёффарҳанг ба риштаи таҳрир пайвастааст, ки баҳри исботи ин андеша суханони ӯро меорем, ки мефармояд: «Сиёсати давлати мо пос доштани фарҳанги оламшумули миллати куҳанбунёди тоҷик ва бо густариши он баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум аст».

Ҳамон тавре ки ишора рафт маҳз туфайли меҳнати софдилона мо муҳаббати бемайлони худро нисбат ба Ватан арза дошта метавонем. Ҷои он дорад, ки танҳо иқдоми шоистаи Сарвари давлат дар ободкориву сабзкунонии гулгашту хиёбонҳо ва боғоти диёри маҳбубамонро ҳамчун намуна ба ёд оварем. Ин иқдоми созандаро чун пайки баҳорӣ хурду бузург бо хушҳолии наҷиб истиқбол намуданд ва дар шукуфоӣ ва гулзор намудани сарзамини ҳамешабаҳори диёр камар бастанд. Воқеан ҳам дар кӯтоҳтарин фурсат ҷавобан ба ин амали ин ҷавонмарди асил макони биҳиштосои диёр боз ҳам зеботару пурҷилотар ба ҷилва омад. Дар ин маврид заҳмати пайгиронаи наврасону ҷавононро ба хусус бояд қайд намуд. Аз ин рӯ, метавон чунин натиҷа бардошт, ки эҳсоси гиромӣ доштани Ватан ба кас саҳлу осон даст намедиҳад, балки бо фаъолияти пурсамару офарандагӣ бо инсон ин ҳадафи пуршараф муяссар мегардад. Дар ҳифозат ва пойдории ин эҳсосот, ки тарбиятгирон ба он сахт эҳтиёҷманд ҳастанд, омӯзгорон бояд бо содиқтарин мақсад муносибат баргузор намоянд. Ихлос ва садоқати шогирдонро нисбат ба меҳнат афзуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасро таъмин кунанд. Дар расидан ба ин амал метавон чунин мулоҳизаи мантиқӣ бардошт, ки фақат ҳамон

пешина
аз 54
навбатӣ