Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

муаррифӣ намудани тамаддун ва фарҳанги миллати худ сазовори тақдир аст, ки ҳамеша дар ҷаласаву симпозиумҳои ҷаҳонӣ бо тафохури бепоён ҳарф аз он мезанад.

Дар баробари иродатмандии хешро нисбат ба арзишҳои таърихии пешиниён тазаккур додан ҳамзамон моро дар рӯҳияи созандагони фардои дурахшони диёри хуршедиамон тарбият намудани насли наврасро талқин мекунад. «Мо, ки имрӯз бо ному корҳои гузаштагонамон ифтихор мекунем ва аз дастовардҳои онҳо истифода менамоем, бояд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва мардумамон тавре адо кунем, ки ояндагон аз маҳсули фаъолият ва талошу кӯшишҳои мо изҳори қаноатмандӣ ва сарбаландӣ намоянд».

Сухани омӯзгор ҳамон вақт ба гӯши хуши шогирдон таъсири амиқ мегузорад, ки дар ҳаққи Ватан ва зебоиҳои нотакрори табиати он гуворотарин ва шевотарин ҳарфҳоро ба забон орад ва бо қадршиносии қобили таваҷҷӯҳ аз падидаҳои тозаи ҳаёти маънавии муосир ва шукуфоии рӯзафзуни марзу буми диёр дам занад. Дар ин маврид ба тарбиягирандагон хотиррасон намудани хизмат ва иқдомҳои пайвастаи Сарвари давлатро дар рушду равнақёбии тамоми ҷабҳаҳои рӯзгори ҷомеаи имрӯзӣ аз аҳамияти вижаи парваришиву омӯзишӣ бархурдор хоҳад буд. Маъруфияти ин нуқта ҳақиқати ҳол аст, ки ниёз ба муҳокимаву мулоҳиза надорад, балки онро бо камоли мамнуният бояд эътироф дошт ва ин пешрафтҳоро ба шогирдон талқину ташвиқ намуданро дар ҳар лаҳзаи муносиб бояд лозим ва зарурӣ бишуморем.

Дарёфти маърифати саҳеҳу комил дар бораи Ватан ба тадриҷ дар тафаккури ҳар фард падид омада, ба оҳистагӣ дар чаҳорчӯбаи муайян муназзам мегардад. Дар асл агар асоси ин дониш дар айёми тифлӣ дар сиришти кӯдакон гузошта шавад ҳам, вале пояи мустаҳкаму устувори он маҳз дар боргоҳи маърифат, яъне муассисаи таълимӣ ташаккул ва такомул мепазирад. Раҳнамой ба инкишофу рушди тарбияи ватандӯстӣ дар мактаб ба дӯши омӯзгори асилу меҳнатдӯсти

пешина
аз 54
навбатӣ