Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

меорад. Асосан қарзи насли наврас дар ҳаёти ҷомеа аз ба амал овардани ҳамин нуктаҳо иборат аст, ки дар боло зикраш рафт.

Парвариши эҳсоси қарз дар сиришти шогирдон дар мактаб маҳз туфайли омӯзгорон барномарезӣ мегардад.
Омӯзгор бояд дар ин замина раҳнамо ва ҳидоятгар бошад.
Тавон ва нерӯи худро ба он бахшад, ки ҳисси кунҷковӣ ва ҷӯяндагиро дар шогирдон бедор ва устувор нигоҳ дошта тавонад. Возеҳан ҳар замон, ки инсон дар шинохти миллату Ватани худ комёб гардад ва бидуни баҳс дар шинохти худ ҳам қадам ба қадам рӯ ба пешрафту такомул мениҳад.

Қобили эътироф кардан аст, ки каломи меҳанпарастонаи роҳбари кишвар дар замони ҷаҳонишавии маънавиёти инсоният, ки Тоҷикистон ҳам ҷузве аз ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, шоёни омӯхтан ва татбиқ кардани он дар ҷодаи таҳсилот мебошад. Шева ва роҳҳои интишори ин матлаб аз омӯзгорон малакаву маҳорати касбиро тақозо медорад.

Мӯҳтарам доштани арзишҳои суннатии ниёгон ва гиромидошти шахсият ва осори гаронмояи баргузидагони адабу фарҳангамон аз ҷониби шахси аввали кишвар таҷассумгари он аст, ки азамат ва шукӯҳи бузургони Аҷам пешорӯи хонандагон ба қавли шоир «Осор падид аст санодиди Аҷамро» мебошад. Ибтикору иқдоми ин марди фарҳангдӯст дар роҳи эҳё намудан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои маънавӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи маърифатии шогирдон нақши муҳим ва амиқ мегузорад. Аз ин рӯ, қарзи инсонии ҳар фарди рӯшанзамир аст, ки ҳар каломи пурмуҳтавои ӯро дар кору пайкори хеш ба мисоли сармашқ пазируфта, аз он сабақ ва таҷрибаи рӯзгор бардорад.
Андешаҳои ӯро метавон дар ҷараёни соатҳои тарбиявӣ ба шогирдон афкор ва ҷанбаъҳои ватандӯстӣ ва ғояҳои миллиро ба таври густурда ва паҳновар мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дод. Бошад ки ба ин васила дар тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанхоҳӣ ва худшиносии шогирдон кӯмаки холисона намуда, масъулияти дӯст доштани Ватанро дар қалби наврасон пайдо ва таҳким бахшем. Аз сӯи ӯ ба ҷҳониён

пешина
аз 54
навбатӣ