Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

медорад. Аммо бояд арза дошт, ки наметавон бо суханпардозиву фазлфурӯшии урён перомуни Ватан ҳарф зада, Ватанро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш дӯст дошт, балки бо худшиносиву худогоҳии хоса ва фаъолияти судманди меҳнатӣ бояд меҳр ва муҳаббати худро нисбат ба Ватан ифшо сохт.

Андешаи парвариши ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар каломи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам маҳз обишхӯр аз ҳамин маъни аст. Аз назаргоҳи ӯ мафҳуми Ватан маънои серпаҳлӯ ва пургунҷоишро ба худ касб кардааст. Таҳти ин вожаи маъруф мафҳумҳои муқаддасоти миллӣ, забони модарӣ, арзишҳои маънавӣ, қарзи насли имрӯзӣ ба пасиниён, ваҳдату созандагӣ барин суханони ифтихоромез ҷойгоҳи вижа дорад, ки воқеан ҳам ҳамаланҷа аз забони ин шахсияти меҳандӯст бо камоли меҳрубонӣ ба садо меояд. Махсусан баёни ин алфози пурнишот аз сӯи Сарвари давлат дар қалби насли наврас тухми садоқату дӯстдориро мепошад ва бидуни тардид ва мулоҳиза шоистатарин хостаҳои ормонӣ бо накӯтарин ниятҳову ҳадафҳо дар ниҳоди ҳар шахси ватанхоҳ тавлид меёбад. Зеро ба фармудаи ӯ «Ватан азизтарин муқаддасот барои фарзандони огоҳи миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди миллӣ дошта бошад. Ифтихор аз озодӣ, ифтихор аз зебоӣ, ифтихор аз Ватан чун модари мушфику ғамхор».

Аз ин нуқтаи назар маорифчиёнро зарур ва лозим аст, ки дар оғози ҳар дарси хеш қабл аз мавриди саволу ҷавоб қарор додани маводи таълимӣ перомуни мавзӯъҳои ифтихорӣ дақиқае чанд таваққуф фармоянд. Зеро садоқат ба Ватан дар ҳамон сурат дар вуҷуди наврасон таҷАССУМ мепазирад, ки бо ахлоқи ҳамида ва кирдору пиндори сазовор намунаи ибрат бошанд ва бо зеҳни солиму ақли расо дар бархурдорӣ аз донишҳои муосир бо вазифашиносии комил саъю эҳтимом варзанд. Ғолибан пайгирӣ намудан аз ин ҳама масъулиятҳои фарогир дар гузоридани таҳкурсии мустаҳкам дар роҳи тарбиявии ватандӯстии шогирдон заминаи мусоид фароҳам

пешина
аз 54
навбатӣ