Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
Аммо онҳо дар лавҳаҳо мисли пештара ҳарфҳову нақшаҳоро намекашиданд, балки ҳар чизеро, ки дидаанду аз сар гузаронидаанд, тасвир менамуданд. Ҳамаи суратҳо дар китоб зиндаву воқеӣ буданд: парандаҳо суруд мехонданд, одамон аз саҳифаҳо берун омада, бо Элиза ва бародарони ӯ гап мезаданд. Лекин агар саҳифаеро мегардонӣ, одамон баргашта ба саҳифаҳо медаромаданд, вагарна тамоми суратҳо печ дар печ омехта мешуданд.
Вақте Элиза аз хоб хест, офтоб аллакай баланд баромада буд. Элиза онро ҳатто аз миёни баргҳои анбӯҳи дарахтон хуб дида наметавонист, лекин нурҳои алоҳидааш аз байни шоҳсор гузашта, ҳамчун харгӯшакони тиллоранг рӯ-рӯйи алафзор медавиданд. Аз алафзорҳо бӯйи хуш меомад, парандаҳо қариб ки ба сари китфони Элиза менишастанд. Каме дуртар шилдироси об ба гӯш мерасид. Маълум гашт, ки дар он ҷо чанд ҷӯйбори калон якҷоя шуда, ба ҳавзе мерезанд. Дар қаъри ин ҳавз регсангҳо ҷило медоданд. Ҳавз бо тавораи буттае иҳота шуда, вале дар як ҷойи он оҳувони ваҳшӣ барои худ гузаргоҳе сӯрох карда буданд. Элиза тавассути ин гузаргоҳ ба лаби ҳавз баромад. Оби ҳавз тозаву шаффоф буд. Агар шамол шохаҳои буттаву дарахтонро алвонҷ намедод, тасаввур кардан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё