Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

мумкин буд, ки ҳам дарахтону ҳам буттаҳо дар қаъри об тасвир шудаанд, то ҳамин дараҷа онҳо дар оинаи об инъикос меёфтанд.

Элиза акси худро дар об дида, хеле тарсид, зеро сиёҳу зишт метофт. Ӯ як каф об гирифта, чашму рӯяшро шуст ва пӯсти сафеду нозукаш мисли пештара ҷило дод. Он гоҳ либосҳояшро бадар карда, ба оби хунук даромад. Ин гуна шоҳдухтари зебо дар сар то сари дунё ёфт намешуд!

Элиза аз ҳавз баромада, либосҳояшро пӯшид, мӯйҳои дарозашро бофт ва ба саргаҳи чашма рафту об нӯшид. Баъд роҳи худро дар ҷангал давом дод, аммо худ намедонист, ки ба куҷо биравад. Ӯ ҳамеша ба ёди бародаронаш буд ва умед дошт, ки кораш омад мекунад: Ин ҷо дарахтони себи ваҳшӣ рӯйидаанд, то гуруснагон аз он истифода баранд. Элиза яке аз дарахтони себро, ки шоҳаҳояш аз гаронии ҳосил ба замин ҳамоил бу­данд, дид. Элиза гуруснагиашро бартараф наму­да, зери шоҳаҳои ҳамоил чӯбҳои такягоҳ гузошт. Сипас ба дарунтари ҷангал қадам зад. Он ҷо чу­нон ором буд, ки Элиза ҳатто садои қадамгузории худ, хишир-хишири баргҳои зери поро мешунид. Дар ин ҷойи дуру хомӯш парандае парвоз намекард, нури офтоб аз қабати анбӯҳи шохсорон гу­заштан наметавонист. Дарахтони баланди анбӯҳ қатор истода, ба деворҳои аз ғӯлачӯб сохташуда

пешина
аз 26
навбатӣ