Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

баъд аз он мӯйҳои абрешиминашро парешон кард. Акнун Элизаи зебову хубсуратро шинохтан ғайриимкон буд. Ҳатто падараш тарсид ва гуфт, ки ин духтари ман нест. Ҳеҷ кас ӯро нашинохт, ғайр аз саги занҷирбанд ва парастуҳо, аммо фарёди ҳайвонҳои безабонро касе намешунид!

Элиза гиря карда, бародарони сарсонашро ба ёд овард. Он гоҳ пинҳонии қасрро тарк намуд, тамоми рӯз саҳроҳову ботлоқҳоро тай зад ва ба ҷангале расид. Элиза худ дуруст намедонист, ки ба кадом тараф биравад. Лекин чун бародарони аз хонаи падар рондашудаашро хеле пазмон шуда буд, ба қароре омад, ки то онҳоро наёбад, ҷустуҷӯ хоҳад кард.

Дар ҷангал чандон зиёд нагашта буд, ки шаб фаро расид. Элиза хеле хаста шуд, ӯ сар ба кундае ниҳода, болои ушнаҳо дароз кашид. Ҷангалро сукут фаро гирифтаву ҳаво гарм буд, дар сабзазор садҳо кирмаки шабчароғ, мисли оташакҳои сабз, милт-милт мекарданд. Вақте дасти Элиза ба буттае расид, кирмакҳо аз он монандӣ ситорачаҳо рӯйи алафзор боронвор бирехтанд.

Элиза тамоми шаб бародаронашро хоб дид: ҳамаи онҳо чун пештара кӯдак буданд, якҷоя бозӣ мекарданд, бо сангқаламҳо дар лавҳаҳои тиллоӣ менавиштанд, китоби бо расмҳои сеҳрнок ороёфтаро, ки нисфи шоҳигарӣ баҳо дошт, тамошо мекарданд.

пешина
аз 26
навбатӣ