Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

– Ту ҳангоми ба ҳавз даромадани Элиза тори сараш бинишин, бигзор, ӯ мисли ту танбалу кундзеҳн шавад!
– Ту ба пешониаш бинишин! – гуфт ба қурбоқаи дуюм. – Бигзор, Элиза мисли ту бадафту зишт гардад, то падараш ӯро нашиносад!
Ба қурбоқаи савум пичирос зад:
– Ту ба қафаси синааш бинишин! Бигзор, бадрафтор шаваду аз ин хислаташ азоб кашад!
Малика қурбоқаҳоро ба оби мусаффои ҳавз андохт ва об фавран ба худ ранги сабз гирифт. Сипас Элизаро ба наздаш даъват карду либосҳояшро аз танаш кашида, амр дод, ки ба об дарояд. Элиза амри вайро иҷро намуд. Дар ин вақт як қурбоқа ба сараш, дигаре ба пешониаш ва сеюмӣ ба қафаси синааш нишаст, аммо Элиза инро ҳатто эҳсос накард. Чун ӯ аз об баромад, дар сатҳи он се лолахасак шиновар гардид. Агар ба қурбоқаҳо бӯсаи маликаи албастӣ таъсири бад намегузошт, онҳо бояд ҳангоми дар сару пешонӣ ва қафаси синаи Элиза ҷой гирифтан ба садбарги сурх табдил меёфтанд. Лекин Элиза чунон поку бегуноҳ буд, ки сеҳру ҷоду ба ӯ зараре расондан натавонист.
Маликаи бадкирдор инро дида, ба ғазаб омад ва ба тани Элиза шираи чормағз молид. Пӯсти бадани шоҳдухтар тамоман қаҳваранг шуд. Сипас малика ба чеҳраи дилрабои Элиза малҳами бадбӯе молид,

пешина
аз 26
навбатӣ