Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Фаъолияти идоракунӣ дар дохили сохтори функсионалӣ барои идоракунӣ аз тарафи табақаи олии идоракунӣ эҳтиёҷманд муҳтоҷ мебошад.
Дар корхонаҳои тараққикардаи байналхалқӣ вобаста аз мақсади дохила ва имконотҳои берунӣ, шаклҳои дигари алоқамандии сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва сохторҳои идоракунӣ дида мешавад. Маҳз дар корхонаҳое, ки идоракунӣ кам марказонида шудааст, бисёртар сохтори пурқуввати тез ивазшаванда амал мекунанд, ки сохтори органикӣ ном дорад. Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодии корхонаҳои Тоҷикистон масъалаи хеле муҳим дар назди илми идоракунӣ ва умуман менеҷменти корхонаҳо истодааст.
Ин дар аввал беҳтар кардани идоракунии корхона ва инкишофи он ва дуввум сохтори пешинаро барҳам дода аз нав ташкил намудани идоракунӣ мебошад. Масъалаи хеле муҳим мебошад, ки дар давоми зиёда аз 12 сол боз на ҳамаи роҳбарони корхонаҳои мо аз уҳдаи он мебароянд.
Шаклҳои сохтори идоракунӣ ва сохтори функсионалии идоракунӣ. Таърихан сохтори аввали идоракунӣ ин сохтори оддии бешуъба аст. Мисол, гурӯҳи одамон дар як хонаи корӣ курта медӯзанд. Барои назорат кардани кори онҳо ва ҷамъ карда супоридани он як нафарро аз байнашон ҷудо мекунанд, ки ҳам худаш курта дӯзад ва ҳам дар анҷоми кор онҳоро супорад. Чунин сохтори идоракунии якҷинагӣ буда, ба як роҳбар 5-7 коргар рост меояд.
Давраи мануфактураи саноатӣ дар асрҳои XVI-XVII барои инсоният аллакай 5-шакли фаъолиятро ҷудо кард:
-
Мустақилона. Соҳибкор, моли косиби мустақилро харида, бо ашё таъмин менамуд.
-
Омехта. Як қисми мол дар хона, ё коргоҳи алоҳида тайёр карда мешавад ва якҷоя дар устохона ҷамъ карда мешавад.
-
Марказонидашуда. Коргарони кироя дар як устохона, ё фабрика ҷамъ омада, якҷоя корро иҷро менамуданд. Сохтори идоракунии мануфактура шароитро барои гузариш ва пайдоиши системаи нав пайдо кард.
-
Системаи функсионалии идоракунӣ. Дар асри XVII-XVIII фабрика пайдо мешавад, ки аллакай иҷрои кор дар мошина пайдо гашта, сохтори идоракунӣ ба худ идоракунии коргоҳ, қитъаро дар бар гирифт ду ва се зинаи идоракунӣ пайдо мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё