Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки сохтори ташкилии ташкилотҳо ба сохтори идоракунии онҳо алоқаманд мебошанд. Ин алоқамандӣ пеш аз ҳама дар сохтори функционалии ташкилот ва идоракунии он бисёртар дида мешавад. Агар умуман гирем, дар кадом сохтори таркибии истеҳсолӣ, ё ғайриистеҳсолии ташкилот, ки набошад объекти идоракунӣ ва субъекти идоракунӣ — роҳбар низ пайдо мешавад. Яъне ин ҷараёнҳо пайҳам сурат мегиранд, аввал сохтори ташкилии корхонаро муайян намуда, баъдан сохтори идоравии онро муайян месозанд.
Лекин дар солҳои охир дар сохтори нави идоракунӣ, лоиҳавӣ ва мутобиқшавӣ аввал сохтори идоракунӣ пайдо шуда, ба сохтори ташкилот пайдо мешавад, ё ин ки мумкин дар сохтори корхона илова нашавад ва баъди анҷоми лоиҳа ин сохтор барҳам дода шавад.
Вобаста аз шаклҳои ташкилот сохтори идоракунии он муайян карда мешаванд, яъне вобаста аз соҳа, намуди молҳо, ё хизматҳо, ҳаҷми корхонаҳо, шӯъбаҳо, зарурияти идоракунии амудӣ ва ҳамоҳангсозии уфуқӣ ба вуҷуд меоянд.
Алоқамандии байни сохтори ташкилотҳо ва идоракунӣ бояд қавӣ бошад, чунки ҳар як объекти идоракунӣ чун гурӯҳ, бригада, коргоҳ, шӯъба, корпус, завод бояд, ки субъекти идоравии худро дошта бошад. Аз ин сохтори идоракунӣ доимо ба сохтори умумии ташкилотҳо, ки ба функционалӣ ва тақсимотӣ, барномавию мақсаднок, лоиҳавӣ, матритсавӣ ва ғайра ҷудо карда мешаванд.
Барои он ки алоқамандии функцияи идоракунӣ ва функцияи вазифавии сохтори корхонаро муайян созем, ин фаъолиятро бо як қатор функцияҳо ҷудо мекунем:
- Истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо.
- Таъминот ва фурӯши мол.
- Таъминоти молиявии корхона.
- Таъмини ташкили кормандон.
- Банақшагирӣ, назорат, ҳисоби бухгалтерӣ ва ҳисоботу таҳлилҳо.
Тамоми ин шакли фаъолиятҳо дар корхонаҳо бо ҳам алоқаманд мебошанд, набудани яке аз ин табақаҳо боиси суст гаштани механизми хоҷагидорӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё