Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Нишондиҳандаҳои самаранокии менеҷмент бояд, ки ба талаботҳои зерин ҷавоб диҳанд:

  1. Бо мақсади корхона мувофиқ бошанд.
  2. Ба муҳити дохила ва беруна алоқаманд бошанд.
  3. Ахбори пурра ва кифояро барои қабули қарор дошта бошанд.
  4. Барои истифодабарӣ қулай бошад, яъне фаҳмо, содда ва дар шакли миқдорӣ баҳо дода шуда бошанд.
  5. Барои гирифтан ва истифодабарӣ имконпазир бошанд.

Асосноккунии самаранокии менеҷмент ғайр аз усулҳои миқдорӣ, инчунин бояд ба усулҳои мантиқии хаттӣ баҳо дода шаванд, ки дар асоси таҳлили дастовардҳои идоракунии корхонаҳои замонавӣ ба даст омадааст. Дар ин асос хазинаи хирадмандонаи идоракунӣ асари бузурги Фирдавсӣ «Шоҳнома», «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, мутахассисони америкоии Т. Питерс ва Р. Уотермен «Дар ҷустуҷӯи идоракунии самаранок (таҷрибаи компанияҳои беҳтарин)» мақоми хоса доранд.

Дар китобҳои номбаршуда, ки дар тамоми ҷаҳон талаботи зиёд доранд, таҷрибаи беҳтарини таърихии давлатдорӣ ва менеҷменти компанияҳои замонавии саноатӣ ва хизматрасонӣ нишон дода шудааст.

Муаллифон, Т. Питерс ва Р. Уотермен баъди таҳлили васеъ ва ҳаматарафаи 43 ширкатҳои намунавӣ ҳашт нишонаҳои асосӣ муайян намуданд, ки корхонаро пешсаф менамояд:

  1. «Рӯй ба истеъмолкунанда» доштан. Ин сифати аз ҳама беҳтарини корхона.
    Истеъмолкунанда барои онҳо — ҳам подшоҳ ва ҳам пешво. Шахси асосӣ дар ин ҷо агент оиди фурӯш аст. Оиди кордонии ин агентҳо ҳикояҳо — афсонаҳо мегӯянд. Дар яке аз компанияҳои «Фритолэй», ки «картошкабирён» мебарорад, 10 ҳазор агент ва 25 ҳазор коргарон кор мекунанд. Дар аксари ин корхонаҳо роҳбарони табақаи олии менеҷмент ба сифати агент иштирок мекунанд. Онҳо бевосита бо истеъмолкунандагон сӯҳбат карда, хоҳишу фикру ақидаи онҳоро мефаҳманд.

  2. «Ҳосилнокии баланд - аз одамон». Ин ба усули демократии идоракунӣ
    равона карда шуда, ба қоидаи боварии роҳбар ба қобилияти ҳайат, эҳтироми
    он асос ёфтааст. Дар чунин корхонаҳо шиорҳои корӣ ба коргарон ҳамчун

пешина
аз 512
навбатӣ