Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

одамони калонсол муроҷиат намоед, арзишҳои онҳоро қадр намоед, нисбати онҳо бодиққату ғамхор бошед. Меҳнати одамон, махсусан ихтироотҳо бояд баҳогузорӣ ва ҳавасманд карда шаванд.

  1. «Хоҳиши баланд ба ҳаракатҳо: таъсиррасонӣ». Дар ин корхонаҳо фаъолияти менеҷмент ва ҳаракатҳои вай дар ҳолати муайяни аз нақшагирӣ, кор аз фикркунӣ, мушаххас аз абстрактӣ боло дониста шуда, бар зидди ҳар гуна бюрократизм, қоғазбозиҳо, тақлиди фаъолият равона карда шудааст. Чунки усули бюрократии идоракунӣ аллакай дар ҳолати дигаргуншавиҳои босуръати асри XXI беқувват буда, фақат сари роҳи пешравиҳо мешавад. Барои самаранокии чунин қоидаи кори менеҷмент, гурӯҳҳои кории муваққатӣ месозанд, ки аз 5-7 нафар иборат буда, роҳбарони касбии баландро роҳбари ин гурӯҳҳо таъин месозанд.

  2. Мустақилият ва пешбинӣ. Ин қоида барои ташкилоти намунавӣ, асосан дар ҳолати навоварӣ хеле зарур мебошад. Дар вақти таҳлили 24 компанияи ШМА ва Ҷопон 15 тоаш ба ин қоида мувофиқ мебошанд. Махсусан ин хислат ба ширкатҳои ҷопонӣ хос мебошанд. Баҳои баланд додани шахсиятҳо дар навоварӣ маҳз дар корхонаҳое сурат мегиранд, ки нисбатан хурд буда, аз рӯи чунин қоида амал мекунанд.

  3. «Бедор кардани фаъолнокии роҳбар бо кори аъзоён дар асоси арзишҳо». Моҳият ва хусусияти чунин усули роҳбарӣ дар компанияҳо беҳтарин дида мешавад. Хусусияти фарқкунандаи ин усул қабул надоштани усули фармондиҳӣ, зӯрӣ ва бюрократӣ, ҳар гуна қоғазбозиҳо ва ғайра. Самаранокии кори идоракунӣ дар асоси арзишҳои баланд:
    ❖ боварӣ аз ҳама арзиши олӣ;
    ❖ боварӣ ба якдигар;
    ❖ боварӣ ба бартарияти якдигар;
    ❖ боварӣ ба зарурияти фаъолияти ҳар як шахси коллектив;
    ❖ боварӣ ба муҳимияти одам ҳамчун шахсият;
    ❖ боварӣ ба сифати баланди маҳсулот ва хизматрасонӣ;
    ❖ боварӣ ба эҷодкорон ва ихтирооткорон;
    ❖ боварӣ ба гуфтугӯи ғайрирасмӣ;
    ❖ боварӣ ба самаранокии баланди навоварӣ ва фоиданокии корхона;
    ❖ боварӣ ба қарори стратегии корхона.

пешина
аз 512
навбатӣ