Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

қувваро бедор кардан аст, чунон ки кӯҳнавардон мегӯянд: «Он касе, ки наметарсад якумин шуда мемурад». Тарс ин ангезаи солим ба чизи номаълум аст ва махсусан, вақте ки хатар вуҷуд дорад. Стратегияи пешгирии тарсу ваҳм инҳо мебошанд:

аз кори оддӣ сар карда, ба мураккаб гузаштан;

аз муборизаи пуршиддати одамон дар канор бошед;

намунаи ошкор ва кушодарӯӣ бошед;

ба дигаргуниҳо ҳамчун фаъол нигаред;

масоили муҳимро ҳамчун имконоти омӯзиш истифода кунед;

фаҳмида бошед, ки кордонӣ ва ҳунар чизи асосист;

худ дарк намоед ва ба дигарон фаҳмонед, ки тарсу ваҳм ин ангеза ба ҳолатҳои номаълум мебошад.

30.5. Ташкили менеҷменти самараноки асри XXI

Самаранокии менеҷмент гуфта, сифатҳоеро меноманд, ки ба мақсадрасии ташкилотро таъмин месозад. Бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ бошад, самаранокии менеҷмент ҳамчун муттаносибии натиҷаҳо ба хароҷотҳои он зарурӣ муайян карда мешавад.

Самаранокии дохила ва беруна фарқ карда мешаванд.

Самаранокии дохила, ин сарфакорӣ, ё худ роҳҳои беҳтарини тақсимот ва истифодабарии захираи мавҷудбудаи ташкилот.

Самаранокии беруна, ин натиҷагирии менеҷмент, вобаста аз дараҷаи бамақсадрасии ташкилотро меноманд. Нишондиҳандаҳои самаранокии менеҷмент гуфта, нишондиҳандаҳоеро меноманд, ки сарфакорӣ ва натиҷагириро нишон медиҳанд.

Ба сифати нишондиҳандаҳои самаранокии менеҷмент бояд нишондиҳандаҳое дохил карда шаванд, ки онҳо имкони зеринро дороанд:

пешгӯии натоиҷи оянда ва бадастдарории мақсадҳои ташкилот;

баҳо додани дараҷаи бамақсадрасӣ;

муқоиса кардани муодилҳои гуногуни бамақсадрасӣ байни якдигар.

пешина
аз 512
навбатӣ