Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
афзоиши мол дар бозори давлатҳои Осиё хоҳ нохоҳ қисме аз менеҷерон низ бояд аз ин минтақаҳо намояндагони ин гурӯҳҳои этникӣ бошанд.
-
Идоракунии тағйирёбии бозор.
Дар ҳазорсолаи нав менеҷерон ба бозори доимо тағйирёбандаи ҷаҳонӣ дучор мешаванд. Дар баробари афзудани хароҷот барои тадқиқот ва коркарди маҳсулоти нав, бо кам кардани силсилаи ҳаёти менеҷерон маҷбур мешаванд, ки таваккалро бо роҳи ёфтани субподрядҳо кам намоянд. -
Идоракунии таъсири Интернет.
Интернет доимо мақоми истеъмолкунандаро тағйир медиҳад.
Ҳокимият оҳиста-оҳиста аз истеҳсолкунанда ва таклифкунанда ба истеъмолкунанда мегузарад. Ин мазмуни онро дорад, ки менеҷерон бояд диққати асосиро ба фардикунонии маҳсулот ва хизматҳо равона созанд.
Зермазмуни ин ҳодиса аз сегментатсияи бозор ба фардикунонӣ дониста мешавад. -
Идоракунии сегментҳои нави мизоҷон.
Тасаввур менамоем, ки бозори ҷаҳонӣ ҳамчун аҳроми истеъмолкунанда, ки ба қудрати иқтисодӣ такя мекунад. Имкониятҳои нави мамлакатҳои Хитой, Ҳиндустон ва Бразилия, ба хоҳишҳои даромадҳои паст бозори дуюм, сеюм ва чорум равона карда мешаванд. Хизматрасонии ин бозорҳо таъсири калон ба ҷараёни менеҷмент дар иттиҳодияҳои байналхалқӣ мебошанд. Дигаргуниҳоро фаҳмида онҳоро идора кардан - ин даъвати асосӣ ба менеҷерон дар ҳазорсолаи сеюм мебошад. Аммо дар аксари ширкатҳо диққати асосиро ба гуногуншаклии синну сол, нажод ва ҷинсият дода мешавад. Ташкилотҳои ШМА зиёда аз 10 сол боз фаъолона масоили расавӣ ва ҷинсиятро ҳал карда истодаанд. Фарқияти маданӣ масоили наве мебошад, ки менеҷерон бояд омӯзанд.
Иттиҳодияҳои байналхалқӣ сармоягузориро дар бозорҳои нав афзун
карда, ба масоили фарқияти маданӣ гирифтор мешавад. Таҷрибаи пешбари
бизнес ва равияи иҷтимоӣ дар мамлакатҳои Осиё номи роҳи осиёгии инкишофро
гирифтааст. Сохтори институтсионалӣ, системаи сиёсӣ ва моликияти зеҳнии ин
мамлакатҳо аз Ғарб куллан фарқ мекунад. Иттиҳодияҳои байналхалқӣ
корхонаҳои муштарак ташкил карда, чорабиниҳои якҷояи шаклҳои гуногун
мегузаронанд. Менеҷерон бояд фарқи байни маданияти мамлакат ва таҷрибаи
соҳибкориро сарфаҳм раванд, ки таҷрибаи соҳибкории осиёгӣ ба капитализми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор