Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
шахсӣ». Ин барнома ба омӯзиши ҷавобҳои тамоми коргарон, намояндагони роҳбарони табақаи миёна ба шаш саволи зерин дар як квартал равона шудааст:
-
Шумо кори пурмазмун ва муҳиме доред, ки муваффақиятҳои умумии компанияи Motorolaро таъмин созанд.
-
Уҳдадориҳо ва вазифаи худро Шумо хуб медонед ва дониши кифоя барои он доред, ки ба муваффақият ноил гардед?
-
Талаботи Шумо ба омӯзиш муайян карда шудаанд ва ба Шумо ин омӯзиш дастраст мебошад бо мақсади беҳтар кардани донишмандии доимии Шумо.
-
Шумо нақшаи обрӯи шахсиро доред ва он Шуморо ҳавасманд мекунад ва умуман он иҷрошаванда мебошад?
-
Шумо ҳар моҳ тақризҳои мусбат, ё манфӣ аз кори худ мегиред.
-
Шумо ба ҳолати оилавӣ ва маданӣ диққати зарурӣ дода метавонед, ин ба кори Шумо халал намерасонад?
Ҷавоби манфӣ, ҳатто ба яке аз ин саволҳо ҳамчун камбудӣ доир ба сифати идоракунӣ ҳисоб карда мешавад. Дар даҳсолаи охир менеҷерони амалӣ ва назариячиёни менеҷмент якчанд маротиба таъсири омилҳои дигаргуншавиҳоро ба фаъолияти идоракунӣ муҳокима карданд. Аммо равандҳои нав дар идоракунӣ ҳанӯз васеъ муҳокима нашудаанд. Вобаста аз ин чор масоили муҳиме вобаста аз омилҳо ба вуҷуд меоянд:
-
Идоракунии гуногуншаклии маданӣ ва зеҳнӣ.
-
Идоракунии дигаргуншавии бозор.
-
Идоракунии таъсири интернет.
-
Идоракунии хоҳишҳои нави мизоҷон.
-
Идоракунии гуногуншаклии маданӣ ва зеҳнӣ.
Менеҷерон маҷбур мешаванд, ки бо маданиятҳои гуногун ва зеҳнҳои ҳархела дар доираҳои васеъ кор кунанд. Мисол: Хитой ва Ҳиндустон якҷоя 30-50% бозори ҷаҳониро бо таҷҳизоти телекоммуникатсия, телевизорҳо, воситаҳои қувватдиҳанда таъмин мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ташкилотҳои истеҳсолкунанда бояд захираҳои худро ба талаботи воқеии истеъмолкунандаи ин бозорҳо мутобиқ намояд. Аз тарафи дигар дар баробари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор