Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташкилотҳо ва бозор амал карда, ҷараёни созандаю вайронкунандаро пеш мегиранд, ки иқтисодчии австриягӣ И. Шумпетер - ин фаъолиятро муҳаррики рушди иқтисодӣ дар ҷамъияти капиталистӣ номидааст.

Дар доираи концепсияи компания ҳамчун созандаи арзишҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо коргарон дар асоси меъёрҳо сурат мегирад. Фалсафаи нави менеҷмент дар асоси шартномаи куллан нави меҳнатӣ сурат мегирад. Дар асоси ин шартнома ҳар як коргар ӯҳдадор мешавад, ки самаранокии корро дар ҳамон қисмате, ки ба ӯ вобастааст баланд бардошта, доимо тайёр аст, ки ба дигаргуниҳои ташкилот ҳамроҳ шавад. Бар ивази он корхона ба коргар на фақат кафолати шуғли он, балки озодии самараноки кории ҳар як шахсро таъмин менамояд. Ба ҳар як коргар имкони баланд бардоштани малакаи дониш ва истифодаи он, на дар худи ташкилот, балки дар бозори меҳнат пурра ба онҳо имтиёз медиҳад. Дар баробари ин ташкилот муҳити эҷодкорӣ ва ҳавасмандиро ҳам барои болобардории қобилияти онҳо ва ҳам барои пайдо кардани хоҳишҷое, ки бояд онҳо дар ташкилот бимонанд, фароҳам меорад. Баъзе тадқиқотчиён ин гуна шартномаҳоро шартномаҳои нави психологӣ низ меноманд. Мисол, шакли нави алоқамандиро дар компанияи GE чунин шарҳ медиҳанд:

«Қарордоди нави рӯҳӣ - дар он мазмун аст, ки ҷойҳои корӣ дар GE
аз ҳама беҳтарин дар ҷаҳон барои одамон мебошанд, ки ба рақобат ҳаракат
доранд. Мо захираҳои беҳтаринро барои омӯзиш ва беҳтар кардани коргарон
дорем ва муҳити беҳтарини корӣ сохтаем, ки барои инкишофи маҳорати касбӣ
ва шахсӣ моҳияти калон дорад». Тасдиқи ин фалсафаи нави менеҷмент дар он
мебошад, ки ташкилотҳо бояд имрӯз аз он қоидае, ки ҷои кориро танҳо бозор
таъмин месозанд, даст кашанд. Ба он назар афкананд, ки қувваи
ҳаракаткунандаи бозор фақат қувваи ақлонии роҳбарияти корхона набуда, балки
ташаббус ва кордонии тамоми коргарон низ мебошад. Дар навбати худ
қарордоди меҳнатӣ аз коргарон бисёр талабҳои ҷиддӣ дорад. Пеш аз ҳама
мардонатӣ ва боварӣ ба худ. Даст кашидан аз як ташкилоти якумра ва интихобӣ
барои худ бо сифати ҳавасмандӣ, омӯзиши доимӣ ва беҳтаршавии сифатҳои
шахсӣ мебошад. Мисол, компанияи Motorola боз ӯҳдадориҳои худро дар назди
коргарон баланд бардошта, ӯҳдадории арзиши бозории қувваи кориро баланд
бардоштааст ва бо роҳи ҷорӣ кардани барномаи «Ҳуқуқ ба дастоврдҳои

пешина
аз 512
навбатӣ