Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

оилавӣ ва алоқаҳои рӯру рафиқӣ сохта шудааст ва аз таҷрибаи аврупоии бизнес куллӣ фарқ мекунанд. Конвергенсияи технологӣ ва бозорҳо бисёршаклии нави зеҳниро ба вуҷуд меоранд. Бозорҳои нави Хитой, Ҳиндустон ва Бразилия имконотҳои зиёдеро барои иттиҳодияҳои байналхалқӣ пайдо мекунанд. Дар ин бозорҳо аз 600 то 1000 млн. истеъмолкунандагони соҳибқудрат вуҷуд доранд.
Аммо онҳо даромади кам доранд ва ММД ба ҳар як одам қариб 2000$ ташкил мекунад. Ин бозорҳо қобилияти дигари фундаменталиро талаб мекунад, талабҳои навро дар назди менеҷмент мегузоранд.

Умуман дар бозори ҷаҳонӣ дар доираи менеҷмент талаботҳои нави зерин пайдо шудааст.

Расми 1

Талаботҳои нав дар доираи менеҷмент

Омилҳои тағйирёбии
макроиқтисодӣ

Масоилҳои
интиқодӣ

Талаботҳо дар соҳаи
менеҷмент

Глобализатсия

Дигаргуниҳои маданӣ

Маданияти идоракунӣ,
арзишҳо ва рафторҳо

Кам шудани даҳолати
давлат ба иқтисодиёт

Дигаргуниҳои
зеҳнӣ.
Тағйирёбӣ

Вазифаҳои аниқи
тақсимшаванда дар қабули
стратегия. Таъсир расонидан
ба субъектҳое, ки дар
моликият нестанд.

Интернет

Баланси ҳокимият
бартарӣ ба тарафи
истеъмолкунанда

Тарбия, ҳамкорӣ ва рақобат
ба истеъмолкунанда.
Инфрасохтори ахборӣ.
Шаклҳои нави
бизнес-навоварӣ.

Бозорҳои нави
тартиботи дуюм
ва сеюм

Дараҷаи нави
ҷойгиркунии
маҳсулот.
Самаранокии нарх.
Фалсафаи нави
маҳсулот.

Вазифаҳои аниқи
тақсимшаванда.
Маданияти идоракунӣ,
қабули стратегия.
Соҳибкории навоварӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ