Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
якумин шуда бояд ба татбиқи ин амалҳо оғоз намоед. Ғалабаи хурд ба пешво боварии калонро таъмин месозад.
-
Пешвоён барои оянда чорабинӣ мекунад. Қобилияти ба оянда назар андохтан хусусияти муҳими фарқкунандаи пешвоён мебошад. Ҳарчанд ки боварии дигарон асоси пешвой мебошад, лекин нишон додани ояндаи хуб ва рӯҳбаланд сохтани одамон ба он ин хосияти пешвой мебошад. Сурати ояндаро кашида, мардумро бовар кунонидан, ки дар пеш қуллаҳои бузург вуҷуд дорад низ қобилияти пешвой мебошад. Чунки одамон агар донанд, ки куҷо мераванд ва чӣ ба даст меоранд, бо боварӣ аз қафои Шумо қадам мегузоранд.
-
Пешво - ин бозингари команда. Тадқиқотчиёни америкой аз соҳибкоре, ки нав корро сар кардааст, Билл Флагон пурсиданд, ки «Оиди дастовардҳои хуби худ сухан гӯед», ҷавоб додааст, ки ӯ ба ин савол ҷавоб дода наметавонад, чунки «Ин дастовардҳои ман не, балки аз мо мебошад».
Пешвой ин баромадҳои саҳнавӣ нест. Дар вақти омӯзиш маълум мегардад, ки ягон дастовард бе дастгирии аксари одамон намешавад. Пешвой ин мусоҳиба мебошад, на яккасуханӯӣ. Агар мақсади Шумо бартариятҳои натиҷавӣ бошад, он гоҳ Шумо дар асоси ҳамдастӣ ба он ноил мегардед, на бо рақобат ва дастовардҳои инфиродӣ. Рақобат ягон вақт ба натиҷаи хуб намеорад. Нависанда Алфи Кен менависад, ки мафҳуми дар қатори дигарон будан ва аз онҳо гузаштан фаҳмишҳои гуногунанд. Қабл аз ҳама ба дастовардҳо вобаста буда, дуюмин исботи беқувватии дигарон аст. Якумин ба дастовардҳо, дуюмин ба итоаткунӣ майл дорад. Бинобар ин ҳамкорӣ дар команда асоси муваффақиятҳо мебошад ва ин ҳамкорӣ дар асоси боварӣ сурат мегирад. Бовариро дар дараҷаи ҳурмату эҳтироми якдигарӣ пай бурдан мумкин аст.
Агар ба ҳодисаҳои ҳаётии худ назар афканем, кадом вақт одамон худро тавоно ҳис мекунанд ва ин танҳо дар вақте ки ҷомеаи атроф ҳамроҳи ӯ аст ва вақте худро нотавон ҳис мекунад, ки худаш танҳо мемонад. Пешво низ бо атрофиёнаш тавоно аст.
- Меросе, ки Шумо мемонед, ин ҳаёти Шумо аст, ки мегузоред. Аз рӯи гуфтаҳои яке аз директорони компанияи калонии Амрико тағйирот дар компания вақте сар зад, ки соли 1985 ӯ ба Ҷопон сафар кард. Ӯ қайд мекунад, ки «Ширкатҳои ҷопонӣ аз ширкатҳои американӣ ба истифодаи асбобҳо фарқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор