Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намекунанд, балки аз рӯи арзишҳо. Одамоне, ки ба якдигар кӯмак мерасонанд дар команда моҳияти калон дошта, омили асосӣ нисбати одами алоҳида ва одамон ростқавл будан аст».

Аслан сифати пешво ҳамчун маънои зиндагӣ аз маҷмӯи се унсур иборат мебошад:

  1. Сифатҳои умумиинсонӣ.

  2. Сифатҳои комплексии идоракунӣ.

  3. Пешвой.

Дар асоси қоидаҳои фалсафии сифатӣ дар аксари иттиҳодияҳои хориҷӣ арзишҳои маданӣ ташкил карда мешаванд. Агар ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо аз рӯи чунин қоидаҳо амалӣ гарданд, он гоҳ бюрократия аз байн рафта, аксари ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ аз байн меравад, кор хеле пеш мераванд.
Умуман аксари одамон, вақте ки пешворо баҳо медиҳанд, чунин мегӯянд «Онҳо кореро наҳо мекунанд, ки ваъда мекунанд».

  1. Ғамхорӣ - асоси пешвой. Албатта ҳеҷ яки мо наметавонем, ки дар танҳоӣ вуҷуд дошта бошем, бе кӯмаки якдигар, эроди якдигар ва дигар арзишҳое, ки моро ба боварии худ ҷалб мекунад, дошта наметавонем. Дар танҳоӣ мо қарори хуб қабул карда наметавонем, баҳои хуб гирифта наметавонем, босуръат ҳаракат карда наметавонем, дараҷаи баланди фурӯши молро соҳиб шуда наметавонем. Аз ин ҷо маълум мегардад, ин пешвой пурра ба одамон вобаста аст, агар мо хоҳем, ки пешворо аз даст надиҳем, бояд ба одамон ғамхорӣ намоем, то андозае ки «дили онҳоро шод гардонем».

30.2. Ҳунармандӣ ва дониш - талаботҳои асосӣ
барои менеҷер

Дар ҳазорсолаи сеюм, низ ҳаёти шахсӣ дар гирди 12 талаботи одамӣ чарх мезанад, ки дар тамоми таърихи башарӣ вуҷуд дошт:

  1. Талабот ба оила.

  2. Талабот ба саломатӣ.

  3. Талабот ба хӯрока.

  4. Талабот ба кор, ё вазифа.

пешина
аз 512
навбатӣ