Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
рафторҳоеро мушоҳида мекунад, ки онҳоро ба ҳайрат меоранд. Маълум мегардад, ки аксарият қобилияти пешвоиро дорем. Ёд дорам, ман баъди хатми курси 2-юми Донишгоҳ ба таътили тобистона ба қишлоқ рафтам. Рӯзе ба саҳро ба назди колхозчиён, ки нахӯд медаравиданд, рафтам ва аз аҳволи онҳо пурсон шудам, ки чӣ қадар маош мегиранд. Яке ҷавоб дод, ки вобаста аз иҷроиши меъёр, агар меъёрро иҷро кунем. Ман пурсидам, меъёрро чанд баробар иҷро мекунед, онҳо хандиданду гуфтанд, ки дар 2-3 рӯз бо як азоб як меъёрро иҷро мекунанд. Ин ҳодиса маро ба ҳайрат овард ва рӯзи дигар саҳарӣ ба идораи иқтисодчии колхоз омада, ҳодисаро фаҳмондам ва хоҳиш кардам, ки хронометраж гузаронида, меъёрро аз нав муайян кунанд. Сариқтисодчӣ, ки худро доимо мушкилкушои мардум ҳисоб мекард ба ин ризо шуда, комиссия ташкил карданду мо рафта хронометраж гузаронидем ва дар ҳақиқат муайян кардем, ки меъёр баланд аст, ва онро 2,5 маротиба кам кардем. Ин ҳодиса буд, ки колхозчиён хеле хурсанд шуда, ба камина ҳисси боварӣ пайдо намуданд. «Агар ҳар як шахс масъаларо дарк карда тавонад, роҳу усули корро фаҳмад ва мақсадгузорӣ намояд, албатта ба он ноил мешавад». Ин як мисоли ҳаётие мебошад, ки мо набояд касеро интизор шавем, ки ба мо кӯмак расонад, ё худ ба сифати пешво баромад мекунад. Ҳар як шахс новобаста аз мавқеи худ метавонад, ки хислатҳоеро, ё кордониеро равнақ дода ба мақсад бирасад, аз дигарон дида хубтару беҳтар иҷро кунад. Бо ривоҷу равнақи ин хусусиятҳои худ Шумо метавонед пешво бошед. Пешвоӣ он кор ва он рафторе аст, ки Шумо аз ӯҳдааш хеле хуб мебароед. Маҳз махфияти корхонаҳои ҷаҳонии америкоию ҷопонӣ дар он аст, ки ҳар як аъзои коллектив дар кори худ худро пешво ҳис карда, онро ба қуллаҳои баланд мерасонанд.
- Даъват - ин имкони бузург шудан аст. Агар мо аз оянда андеша намоем, он гоҳ бояд чизеро, ё касеро интизор нашуда худамон он, чӣ ки метавонем иҷро намоем. Барои ин қобилияти «даъват» кардани одамонро бояд, ки пешво дошта бошад. Ин кор дар ҳолате иҷро мегардад, ки агар мо онҳоро ба иваз шудани ҳолат бовар кунонем, яъне дар мисоли хурде ҳам бошад коргарон бовар кунанд, ки дар ҳақиқат тағйирот вуҷуд дорад ва ин имкони ба кори бузург даст задани Шуморо пайдо месозад. Агар Шумо хоҳед, ки пешво шавед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор