Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
2000 бошад, иштироки онҳо то 80% афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар компанияҳои Аврупои Шарқӣ - 42%, дар компанияҳои Ҷопон - 14% аст.
Шаклҳои ҳамкорӣ дар доираи иттифоқҳои технологӣ мунтазам тағйир ёфта меистанд. Мисол солҳои 70-уми асри ХХ ҳамкорӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, солҳои 90-ум бошад аксари ҳамкорон сармоягузориро дар шакли сармояи саҳҳомӣ напазируфтанд. Дар шароити имрӯза шаклҳои гуногун ба монанди иттиҳодияҳо, ташкилотҳои муштарак, ҳамкории шартномавӣ оид ба коркарди лоиҳаҳо, литсензияҳо, истифодаи технологӣ, омӯзиши маркетингӣ, дигар тадқиқотҳои илмӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.
29.5. Ояндабинии инкишофи навоварии технологии ҷаҳонӣ
Ба инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ назар афканда, аксари олимон ва тадқиқотчиёнро чунин як савол пайдо мешавад. «Дар ояндаи наздик инкишофи башарӣ кадом роҳро интихоб мекунад?»
Барои омӯхтани ин масъала моҳияти муҳимро тадқиқоти рушди илмию техникӣ дорад. Оиди ин масъала аслан одамият аз аввали солҳои 70-уми асри ХХ сар намуда, то имрӯз се давраи асосии худро гирифтааст:
Давраи аввал солҳои 60-70-уми садсолаи гузаштаро дар бар гирифта, мазмуни асосии он «ҷанги сард» буда, тезутундшавии муносибатҳои байни Шарқ ва Ғарбро дар бар мегирад. Яъне ин сохтани бомбаҳои атомӣ ва водородӣ, стансияҳои атомӣ, ракетаҳои байниминтақавӣ ва ғайра. Вобаста аз гуфтаҳои боло навовариҳои илм ва техника бо мақсади инкишофи соҳаи техникаи ҳарбӣ ва мустаҳкам кардани қобилияти муҳофизатии мамлакатҳо равон карда шудаанд.
Давраи «ҷанги сард» ва суст шудани ҳолати муташанниҷии байни давлатҳо, дар баробари инкишофи глобализатсияи башарӣ ва пайдоиши масъалаҳои глобалии инкишофи демографӣ, камшавии захираҳои табиӣ, қуллан фарқ кардани дараҷаи зиндагонии одамон дар мамлакатҳои гуногун оҳиста-оҳиста ба суст шудани инкишофи техникии соҳаи ҳарбӣ оварда расонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор