Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Беҳтар шудан ва инкишофи босуръати воситаҳои алоқа, аз он ҷумла дар асоси сохтани шабакаи ҷаҳонии Интернет, қабули барномаҳои махсуси моҳворавӣ.
-
Камшавии захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити атроф.
Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ки дигаргунсозии раванди таърихии инкишофи ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад. Ҷараёнҳои объективӣ мебошанд, ки равандҳои иқтисодиро муайян сохта, мутамарказшавии сармояи башарӣ ва самаранокии иқтисодиро таъмин менамоянд.
Муайян кардани захираҳои мустаҳками ҳамкории технологӣ, шаклҳои нави ҳамкории байналхалқиро дар аввали асри XXI ба миён оварданд. Яъне инкишофи илму техника, ҳамкории истеҳсолӣ, ҳамдастии маркетингӣ дар асоси ташкили иттифоқҳои стратегӣ муҳим аст.
Ташкили иттифоқҳои стратегӣ ин ҳамдастиҳои байналхалқиро меноманд, ки иштироккунандагони вай шартҳои зеринро риоя менамоянд.
-
Ҳар як иштироккунанда ҳиссаи худро барои бадастдарории мақсадҳои умумии стратегӣ дар соҳаи ҳамкорӣ мегузорад.
-
Байни якдигар тамоми манфиате, ки аз ҳамкорӣ ба даст медароранд, тақсим менамоянд.
-
Дар ҳама ҳолат мустақилияти расмиро нигоҳ дошта аз якдигар вобаста намебошанд.
Ташкили иттифоқҳои стратегӣ бо мақсадҳои зерин ташкил карда мешаванд:
-
Тақсим намудан, ё худ паст кардани дараҷаи таваккал дар навоварӣ.
-
Ба даст даровардани имконот барои истифодаи захираҳои камёфт ва бозорҳои нав.
-
Якҷоя аз худ намудани технологияи нав дар давраҳои аввали навоварӣ.
-
Ташаккули инкишофи технологияи навоварии байналхалқӣ дар асоси ташкили иттифоқи стратегии байналхалқӣ.
Аксари иштироккунандагони иттифоқҳои стратегии байналхалқӣ ин ташкилотҳои мамлакатҳои ШМА, Ҷопон ва Аврупои Ғарбӣ мебошад. Агар солҳои 80-ум ҳиссаи компанияҳои америкой 64% ташкил медод, солҳои 1990-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор