Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуногунии ҷаҳон таъмин карда шаванд, инчунин имкони самараноки захираҳои ҷамъиятӣ пайдо мегардад.

Пайдоиши имконоти технологии зарурӣ барои гардиши босуръати сармоя, ахбори иқтисодӣ ва технологӣ дар реҷаи муайяни вақт, бо назардошти захираҳои башарӣ ба мутамарказшавии сармоя дар соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ инчунин тезонидани навовариҳои технологӣ ва умуман баланд шудани суръати афзоиш оварда мерасонад.

Расми 6. Системаи иқтисодии асри XXI.

Қайд кардан зарур мебошад, ки дар асри XXI ҷараёни истеҳсолӣ ва технологӣ бо суръати баланд инкишоф ёфта, ба раванди устувори глобалии иқтисодӣ табдил меёбанд.

Чунин як тағйирот дар зери таъсири як қатор сабабҳои зерин ба вуҷуд меоянд:

  1. Ташаккули бозори ҷаҳонии молиявӣ ва фонди.
  2. Муташанниҷ шудани рақобати байналхалқӣ ва зиёд шудани хислати глобалии он.
  3. Афзоиши мавқеи фаъолияти иқтисодии иттиҳодияҳои байналхалқӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ