Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Тарзе бояд амал намуд, ки доир ба муваффақиятҳо ҳар як коргар донад.
-
Лоиҳаҳои навро дастгирӣ бояд намуд.
Хусусияти хоси инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ дар даҳсолаи охири асри XX пурзӯр шудани глобализатсия мебошад. Чунин як раванд дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон дида мешавад. Натиҷаи глобализатсияи ҷаҳонӣ мумкин аст баъди 10-20 сол баҳои дақиқ гирад. Аммо имрӯз дар миқёси байналхалқӣ молҳои сифатан наве истеҳсол карда шуда истодаанд, ки дар фаҳмиши мо тағйиротҳои навро оид ба ҷараёнҳои иқтисодӣ ва ҳодисаҳо, инчунин механизмҳои навовариҳои технологӣ талаб мекунанд.
Яке аз қувваҳои ҳаракатдиҳандаи глобализатсия ин фаъолият доштани даҳҳо ҳазор иттиҳодияҳои байналхалқӣ аст, ки дар садҳо давлатҳо шӯъбаҳои худро доранд. Ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти ҷаҳонӣ зиёда аз 30%-ро ташкил мекунад. Инчунин зиёда аз 35% маҳсулоти ватании худро соҳиб мебошанд.
Глобализатсия бечунучаро ба муташанниҷ шудани рақобати байни ташкилотҳо оварда мерасонад. Ширкатҳои байналхалқӣ ва корхонаҳои калони ҷаҳонӣ маҷбур мебошанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти беҳтарин нишонагирӣ карда, технологияи пешқадамро истифода кунанд, то ки ба шароити талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқат намоянд. Дар ҷамъбаст ҳавасмандии калони технологияи тиҷорат ва ҳамдастии рушди илмию техникӣ дар асоси қоидаҳои ҳамкории стратегӣ дар доираи гурӯҳҳои ғайрирасмии корхонаҳои байналхалқӣ ба вуҷуд омадааст, ки манфиати умумии иқтисодӣ доранд.
Дохил шудани корхонаҳои мамлакати сусттараққикарда ба чунин ҳамкорӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар бозори дохила мустаҳкам карда, имкони истифодаи технологияи пешқадамро пайдо созанд.
Аксари иттиҳодияҳои калони саноатӣ дар асоси ташкили чунин ҳамкорӣ бартарияти азхуд кардани бозори навро доир ба ашё ва фурӯши мол пайдо месозанд. Чунин як ҷараён имкон медиҳад, ки талаботи инкишофи иқтисодӣ бо роҳи истифода аз таъсири рушди илмию техникӣ ва талаботи аҳолии давлатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор