Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аввали солҳои 90-уми асри ХХ инкишофи илму техника раванди худро дигар намуд. Яке аз аввалинҳо шуда «Клуби Рим» аксари масоили глобалии инкишофи башариро масъалагузорӣ намуда, пешгӯиҳои илму техникаро оид ба инкишофи иқтисодӣ тадқиқ намудаанд. Дар мақсадгузории чунин пешгӯиҳо мақоми аввалро истифодаи илм ва техника дар инкишофи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мегирад, ки 10-30 солро дар бар мегирад. Дар ин давра якчанд пешгӯиҳо барои солҳои 2020, 2015 ва ҳатто 2030 пайдо мешаванд, ки олимон пешгӯиҳои гуногуни худро оид ба «Технологияи нав», «Роҳҳои инкишоф то соли 2015», «Инкишофи ҷаҳонӣ то соли 2025» ва ғайра кардаанд. Ҳамин тариқ, дар давраи якум (1970-1992) зиёда аз 1500 пешгӯиҳо доир ба инкишофи аксари соҳаҳо карда шуданд. Дар давраи дуюми инкишоф чунин масъалагузорӣ буд, ки «Баҳои таъсири технологияи нав ба инкишофи ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ то соли 2025». Барои ин аллакай зиёда аз 107 пешниҳодҳо ва лоиҳаҳоро кор карда баромаданд.
Умуман, шаш раванди васеи технологӣ, ки метавонанд ба инкишофи башарӣ таъсир намоянд, ҷудо карда шудаанд: ахборӣ; технологияи энергетикӣ; маводи нав; муҳити атроф; омӯзиши одам.
Пешгӯиҳо оид ба технологияи нав аз тарафи мутахассисони университети ба номи Ҷ. Вашингтон диққатҷалбкунанда мебошанд. Тадқиқотро онҳо аз рӯи усули омӯзиши адабиётҳои пешгӯиҳои илмӣ ва соҳаҳои истифодабарии онҳо гузарониданд. Дар натиҷа, зиёда аз 85 технологияи нави замонавиро пайдо намудаанд.
Экспертҳо дар вақти таҳлили технологияи нав асосан ба чор масъала диққат медоданд:
- Дар кадом солҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд меояд, агар технологияи пешниҳодшудаи Шумо истифода карда шавад?
- Эҳтимолияти иҷроиши ин ҳодиса?
- Эҳтимолияти талаботи бозор ба технологияи нав чӣ гуна аст?
- Дар кадом давлатҳо ин технология якумин шуда истифода мешавад?
Дар натиҷаи ҷавоб гирифтан ба саволҳои боло, тартиби пайдоиши технологияи нав вобаста аз омили вақт 2001-2010, 2011-2020, ва 2021-2030 ҷудо карда шудааст. Хулосаҳои зерини инкишофи технологӣ дар вақти муайяншуда имконпазир мебошад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор